ГУСТАРИШИ МУНОСИБАТҲОИ ТИҶОРАТИИ ТОҶИКИСТОНУ ЭРОН

Ноябрь 17, 2009 15:21

                  Душанбе, 17 ноябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Аз 23 то 27 ноябри соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе Намоишгоҳи миллии Ҷумҳурии Исломии Эрон баргузор мегардад. Ба ин муносибат имрӯз, 17 ноябр дар Сафорати ҶИЭ дар Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор гардид.                    Сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон Алиасғари Шеърдӯст зикр намуд, ки муносибатҳои ҳасанаи Тоҷикистону Эрон дар ҳама соҳаҳо, бахусус дар бахши тиҷорат густариш ёфта, ҷиҳати боз ҳам вусъат додани онҳо кӯшишу талошҳои пайваста ба харҷ дода мешавад. Тайи дуву ним соли охир сарони давлатҳои Тоҷикистону Эрон Эмомалӣ Раҳмон ва Маҳмуди Аҳмадинажод дар пойтахтҳои мамлакати ҳамдигар 5 маротиба мулоқот намуданд, ки аз сатҳи баланди равобити ҷонибҳо шаҳодат медиҳад. Инчунин, интизор меравад, ки то охири соли равон Президенти ҶИЭ Маҳмуди Аҳмадинажод ба Тоҷикистон ташриф орад. «Дар ҷараёни ин сафари раисҷумҳури Эрон ба Тоҷикистон бисёр масоили мавриди таваҷҷӯҳи тарафҳо дар соҳаҳои мухталиф баррасӣ шуда, норасоиҳои дар равобити ҷонибҳо ҷойдошта бартараф хоҳанд шуд. Ҳамзамон, масъалаи пурра ба итмом расонидани сохтмони тунули «Истиқлол», ки аз ҷониби ширкати эронии «Собир интернейшинал» бунёд мегардад, ҳаллу фасл гардида, ба татбиқи лоиҳаҳои дигар вусъати тоза бахшида мешавад», — тазаккур дод сафир.                   Мавриди зикр аст, ки дар Намоишгоҳи миллии Эрон аз 12 остони ин кишвар зиёда аз 62 ширкат иштирок карда, маҳсулоти хӯрокворӣ, сохтмонӣ, техника ва ғайраро пешкаши сокинони Тоҷикистон мегардонанд.                      Раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Шариф Саид ҳадафи аслии баргузории намоишгоҳи мазкурро густариши равобити тиҷоратӣ ва пайдо намудани сармоягузорони нав ба лоиҳаҳои инвеститсионии Тоҷикистон арзёбӣ карда, қайд намуд, ки ба ин васила метавон корхонаҳои муштараки нав бунёд кард, ки ба паст кардани сатҳи бекорӣ ва боло рафтани иқтисоди миллӣ мусоидат мекунанд.  

Ноябрь 17, 2009 15:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад