КӮМАКИ НАВБАТИИ ҲУКУМАТИ ҶОПОН БА ТОҶИКИСТОН

Ноябрь 25, 2009 10:30

                    Душанбе, 25 ноябр. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова). – 24 ноябр дар Душанбе аз тарафи Барномаи Озуқаи Ҷаҳонии (БОҶ) Созмони Миллали Муттаҳид ва Ҳукумати Ҷопон шартнома оиди ҷудо намудани гранти нав ба маблағи 3 миллион доллари ИМА имзо карда шуд.                     Тавре ба АМИТ «Ховар» аз намояндагии БОҶ СММ хабар доданд, ин саҳмгузорӣ барои кўмак ба гурўҳҳои осебпазир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар карда мешавад.                     Ба иттилои манбаъ шартномаи грантиро аз номи Ҳукумати Ҷопон ҷонишини роҳбари намояндагии Агентии Ҷопон оиди Ҳамкории Байналхалқӣ (JICA) дар Узбекистон Тотсука Шинҷи ва директории БОҶ дар Тоҷикистон Алзира Ферейра имзо намуданд.                    «Ин кўмак барои харидории орди гандум ва маҳсулоти лубиёгӣ истифода карда мешавад. Маводи дастрасшуда барои барномаҳои кўмак ба зарадидагони офатҳои таббиӣ, хўрока барои мактаббачагон, маризони сил ва аъзои оилаи онҳо, оилаи камбизоати дар деҳот, дар фаслҳои мушкили сол ва кўдаконе, ки аз норасоии ғизо танқисӣ мекашанд сарф мешавад», гуфт манбаъ.                         Гуфтанист, ки БОҶ 27 ноябр, ба муносибати ба воситаи роҳи оҳан ворид шудани орди гандумӣ аз Ҷумҳурии Қазоқистон, ки бо маблағгузории пештараи Ҷопон, ки маблағи он ба 4.7 миллион доллаи ИМА баробар аст, «қабули расми»-ро ташкил мекунад. 

Ноябрь 25, 2009 10:30

Хабарҳои дигари ин бахш

5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд