КӮМАКИ НАВБАТИИ ҲУКУМАТИ ҶОПОН БА ТОҶИКИСТОН
Душанбе, 25 ноябр. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова). – 24 ноябр дар Душанбе аз тарафи Барномаи Озуқаи Ҷаҳонии (БОҶ) Созмони Миллали Муттаҳид ва Ҳукумати Ҷопон шартнома оиди ҷудо намудани гранти нав ба маблағи 3 миллион доллари ИМА имзо карда шуд. Тавре ба АМИТ «Ховар» аз намояндагии БОҶ СММ хабар доданд, ин саҳмгузорӣ барои кўмак ба гурўҳҳои осебпазир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар карда мешавад. Ба иттилои манбаъ шартномаи грантиро аз номи Ҳукумати Ҷопон ҷонишини роҳбари намояндагии Агентии Ҷопон оиди Ҳамкории Байналхалқӣ (JICA) дар Узбекистон Тотсука Шинҷи ва директории БОҶ дар Тоҷикистон Алзира Ферейра имзо намуданд. «Ин кўмак барои харидории орди гандум ва маҳсулоти лубиёгӣ истифода карда мешавад. Маводи дастрасшуда барои барномаҳои кўмак ба зарадидагони офатҳои таббиӣ, хўрока барои мактаббачагон, маризони сил ва аъзои оилаи онҳо, оилаи камбизоати дар деҳот, дар фаслҳои мушкили сол ва кўдаконе, ки аз норасоии ғизо танқисӣ мекашанд сарф мешавад», гуфт манбаъ. Гуфтанист, ки БОҶ 27 ноябр, ба муносибати ба воситаи роҳи оҳан ворид шудани орди гандумӣ аз Ҷумҳурии Қазоқистон, ки бо маблағгузории пештараи Ҷопон, ки маблағи он ба 4.7 миллион доллаи ИМА баробар аст, «қабули расми»-ро ташкил мекунад.








Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид






