М. ТОЛИБОВ — САЗОВОРИ ОРДЕНИ СОЗМОНҲОИ МУДОФИАВИИ ИДМ
Душанбе, 26 ноябр (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).-Ҳиссагузории раиси ноҳияи Рашт Маҳмадшариф Толибов нисбати дастгирии созмони мудофиавии ноҳия, таҳкими раванди тарбияи ҳарбӣ – ватандӯстии ҷавонон, тайёр намудани онҳо барои хизмат дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳ ва фароҳам овардани шароити бештар барои омодасозии мутахассисони варзида барои эҳтиёҷоти артиш ва хоҷагии халқ, бузург аст. Бо назардошти чунин ҳиссагузории арзанда ва саҳмгирии фаъол Маҳмадшариф Толибов бо ордени «Барои хизматҳои бузург», ки онро Шӯрои Марказии Иттиҳоди созмонҳои мудофиавӣ ва варзишӣ-техникии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил таъсис намудааст, сарфароз гардонида шуд. Раиси Кумитаи Марказии ТҶММ Ҷумхурии Тоҷикистон, генерал-лейтенант Саиданвар Камолов, ки ҳамзамон муовини аввали раиси Шӯрои Марказии Созмонҳои мудофиавӣ ва варзишӣ-техникии ИДМ мебошад, ба ин мазмун фармон имзо намуд. Ордени мазкурро бо ҳуҷҷати тасдиқкунандаи он раиси Кумитаи минтақавии ТҶММ-и минтақаи Рашт Сияршо Ахмедов ба раиси ноҳияи Рашт Маҳмадшариф Толибов супорид.








Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






