МАҲДУДИЯТИ БАРҚ ҶОРӢ НАМЕШАВАД
Қӯрғонтеппа, 4 ноябр. (АМИТ «Ховар», Мурод Сотиев).- Дар шаҳру ноҳияҳои Қӯрғонтеппа ва минтақаҳои дигари вилояти Хатлон маҳдудияти қувваи барқ ҷорӣ карда намешавад. Соли гузашта аз 1 сентябр қувваи барқ маҳдуд карда шуда буд,- гуфт директори шабакаи интиқоли қисмати ҷанубии Тоҷикистон Шералӣ Ширинбеков. Ба қавли Ш. Ширинбеков баъди гузаштан ба лампаҳои каммасраф 60 миллион кВт соат сарфа карда шуд. Сарфакорона истифода бурдани қувваи барқ дар мавсими зимистон имконият медиҳад, ки мардумро бо нерӯи барқ таъмин кард. Дар баъзе маврид қатъ кардани қувваи барқ вобаста ба корҳои омодагӣ ба мавсими зимистон мебошад, гуфт дар хотима Ш. Ширинбеков.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






