МАНЪИ ФУРӮШИ ЛАМПАҲОИ ТАФСОН ДАР ҚАЛАМРАВИ ҶТ

Ноябрь 17, 2009 11:47

                  Имрӯз, 17 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қарор «Дар бораи тадбирҳои иловагии истифодаи сарфаҷӯёнаи энергия» ва бо мақсади самаранок ва сарфакорона истифода бурдани энергияи барқ имзо кард.                   Инчунин, дар қарори мазкур гуфта мешавад, ки фурӯши лампаҳои барқии тафсон, ки воридоти онҳо бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 августи соли 2009 манъ гардида буд, дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шавад.                    Қарори мазкур ба зиммаи Агентии стандартизация, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо дар якҷоягӣ бо вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ гузошта шудааст.                     Ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон дода мешавад, ки номгӯи дақиқи лампаҳои барқии тафсонро, ки воридот ва фурӯши онҳо дар қаламрави ҷумҳурӣ манъ карда шудааст, дар воситаҳои ахбори омма интишор намояд.

Ноябрь 17, 2009 11:47

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад