МУЛОҚОТИ САРОНИ ҲУКУМАТҲОИ ИДМ АНҶОМ ЁФТ

Ноябрь 21, 2009 10:47

                 Душанбе, 21 ноябр. (АМИТ «Ховар», Наталя Михайлова). — Дирӯз, 20 ноябр дар шаҳри Ялтаи Украина маҷлиси навбатии Шӯрои сарони ҳукуматҳои мамлакатҳои ИДМ анҷом ёфт.                    Дар маҷлис ҳайатҳои 11 давлати Иттиҳод таҳти роҳбарии сарвазирони ҷумҳурии Молдавия Владимир Филат (Раиси Шӯрои сарони ҳукуматҳои ИДМ), Федератсияи Русия Владимир Путин, Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов, Украина Юлия Тимошенко, Ҷумҳурии Белорусия Сергей Сидорский, Ҷумҳурии Қазоқистон Карим Масимов, Ҷумҳурии Қирғизистон Дониёр Ҳусейнов ва Ҷумҳурии Арманистон Тигран Саркисян иштирок намуданд.                   Сарони ҳукуматҳо масъалаҳои марбут ба рушди иқтисодиёти мамлакатҳои ИДМ, нақшаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика, нақшаи амалӣ сохтани тадбирҳои муштаракро дар бораи бартараф сохтани оқибатҳои бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ, ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва ҳарбӣ, истифодаи технологияҳои нав ва сиёсати муҳоҷиратро муҳокима карданд.                    Дар фарҷоми маҷлис силсилаи ҳуҷҷатҳо имзо карда шудаанд. Аз ҷумла, барномаи ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика, созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи истифодаи хатҳои байнидавлатии интиқоли барқ, созишнома дар бораи тавсиаи роҳҳои мошингард ва ғайра имзо карда шуданд. Инчунин дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи истифодаи технологияҳои нав ва принсипҳои амалӣ сохтани сиёсати муҳоҷират созишномаҳо имзо карда, барномаи тадбирҳои муштараки мубориза ба муқобили бемории ВИЧ/СПИД тасдиқ карда шуд.                   Сарои ҳукуматҳо буҷети ягонаи ИДМ – ро барои соли 2010 қабул карда, инчунин барои ташкили системаи муттаҳидаи мудофиа аз ҳуҷуми ҳавоӣ маблағ ҷудо намуданд.                   Дар маҷлис раёсати ИДМ ба зиммаи Русия гузошта шуд. Маҷлиси ояндаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои ИДМ 21 майи соли 2010 дар Маскав баргузор мегардад. 

Ноябрь 21, 2009 10:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст