МУНОСИБАТИ ИТТИҲОДИ АВРУПО БА ФУРӮЗОНАКҲОИ КАММАСРАФ

Ноябрь 9, 2009 15:21

                 Душанбе, 9 ноябр. (АМИТ «Ховар», Наталя Михайлова). — Гузаштан ба истифодаи фурӯзонакҳои каммасраф на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар тамоми ҷаҳон ба таври оммавӣ ба роҳ монда мешавад. Ҷаҳони муосир бо мақсади истифодабарии босамари қувваи барқ аз истифодаи лампаҳои тафсон ба тадриҷ даст мекашад.                  Сарони давлатҳои Аврупо ҳанӯз соли 2006 дар нишасти навбатӣ оид ба истифодаи фурӯзонакҳои каммасраф аз соли 2009 дар ҳама кишварҳои Иттиҳод қарор қабул карданд. Ба ҳисоби мутахассисон дар натиҷаи гузаштан ба истифодаи фурӯзонакҳои каммасраф кишварҳои пешрафтаи аврупоӣ то 80 фоиз қувваи барқро сарфа хоҳанд кард.                  Пас аз Иттиҳоди Аврупо мамлакати Австралия низ соли 2007 дар бораи гузаштан ба истифодаи фурӯзонакҳои каммасраф аз соли 2009 қарор қабул кард. Кишвари Канада то соли 2012 пурра аз истифодаи лампаҳои тафсон рӯ мегардонад.                 Ҷумҳурии мардуми Чин ба нақша гирифтааст, ки дар муддати 10 сол аз истифодаи лампаҳои тафсон даст мекашад.                 Дар ИМА изҳор карданд, ки аз истифодаи лампаҳои тафсон даст мекашанд, зеро дар натиҷаи истифодаи фурӯзонакҳои каммасраф онҳо имкони сарфа кардани 6 миллиард долларро дар як сол пайдо хоҳанд кард.                  Моҳи майи соли 2009 президенти Федератсияи Русия Д. Медведев фармон дар бораи гузаштан ба истифодаи фурӯзонакҳои каммасраф содир кард. Мувофиқи ин фармон аз соли 2014 истеҳсол ва истифодаи лампаҳои тафсон дар Федератсияи Русия пурра қатъ карда мешавад.                  Бояд қайд кард, ки агар ба давлатҳои Аврупо, Канада, Австралия Чину Русия ва Қазоқистону Қирғизистон барои гузаштан аз истифодаи лампаҳои тафсон ба фурӯзонакҳои каммасраф мӯҳлати давра ба давра, яъне аз 2 то 5 сол зарур бошад, пас Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун намунаи ибрати оламиён ин амалро дар муддати ним сол татбиқ кард. Гузаштан ба истифодаи фурӯзонакҳои каммасраф барои Тоҷикистон 3, 5 миллиард киловатт-соат қувваи барқро дар як сол сарфа мекунад.

Ноябрь 9, 2009 15:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Аз 1 то 3 май дар баъзе шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар назар аст
Монографияи илмӣ оид ба журналистикаи сайёҳӣ ба нашр расид
«ТОҶИКИСТОНИ МАН!». Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмун ҷамъбаст гардид
Имрӯз дар минтақаҳои доманакӯҳии ноҳияҳои тобеи Тоҷикистон сар задани сел пешгӯӣ мешавад
Сокини ноҳияи Кӯшониён аз ҳар қуттӣ кирмак то 35 килограмм пилла ба даст меорад
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон рӯзона борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар шаҳри Бӯстон доир ба татбиқи лоиҳаҳои муштараки иҷтимоӣ бо соҳибкорон вохӯрӣ баргузор шуд
Дар даҳсолаи охир дар ҷаҳон шумораи одамони бо гуруснагии фалокатбор рӯбарӯ нуҳ маротиба афзоиш ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 29 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Озмуни ҷумҳуриявии «Ҷавонон муқобили коррупсия» баргузор мешавад