НАМОИШИ ФАРҲАНГИ ВИЛОЯТИ БАТКЕНТ ДАР ВИЛОЯТИ СУҒД
Душанбе, 11 ноябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Субҳи имрӯз, 11 октябр ҳайати расмии вилояти Баткенти Ҷумҳурии Қирғизистон ҷиҳати иштирок дар баргузории Рӯзҳои фарҳанги вилояти Баткент дар вилояти Суғд вориди шаҳри Исфара гаштанд. Дар сарҳади шаҳри Исфара ва вилояти Баткент меҳмононро намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳри Исфара пешвоз гирифтанд. Аз маркази иттилоот ва таҳлили дастгоҳи раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки тибқи барнома иштироки раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода ва раиси вилояти Баткент Маратбек Ҷумабеков дар маросими ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳанги вилояти Баткент дар вилояти Суғд, ки дар Кохи Рӯдакӣ баргузор мегардад, дар назар аст. Худи ҳамон рӯз дар Кохи Рӯдакӣ бо иштироки ситораҳои эстрадаи ҳарду вилоят консерти калон доир гашта, дар Арт–Галерейи «Сомониён» ва Қасри ҷавонони шаҳри Хуҷанд намоиши санъат ва фолклори халқии вилояти Баткент баргузор хоҳад шуд. 12 ноябр меҳмонон аз мавзеъҳои таърихӣ, аз ҷумла Қасри «Арбоб»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, осорхонаи таърихии вилояти Суғд ва варзишгоҳи навбунёди «Ваҳдат» — и маркази вилоят боздид хоҳанд кард. Дар назар аст, ки дар ҷараёни ин сафар мулоқоти расмии раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода бо раиси вилояти Баткент Маратбек Ҷумабеков доир гардад.








5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад






