НАМОИШИ ФАРҲАНГИ ВИЛОЯТИ БАТКЕНТ ДАР ВИЛОЯТИ СУҒД

Ноябрь 11, 2009 15:46

                 Душанбе, 11 ноябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Субҳи имрӯз, 11 октябр ҳайати расмии вилояти Баткенти Ҷумҳурии Қирғизистон ҷиҳати иштирок дар баргузории Рӯзҳои фарҳанги вилояти Баткент дар вилояти Суғд вориди шаҳри Исфара гаштанд. Дар сарҳади шаҳри Исфара ва вилояти Баткент меҳмононро намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳри Исфара пешвоз гирифтанд.                  Аз маркази иттилоот ва таҳлили дастгоҳи раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки тибқи барнома иштироки раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода ва раиси вилояти Баткент Маратбек Ҷумабеков дар маросими ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳанги вилояти Баткент дар вилояти Суғд, ки дар Кохи Рӯдакӣ баргузор мегардад, дар назар аст. Худи ҳамон рӯз дар Кохи Рӯдакӣ бо иштироки ситораҳои эстрадаи ҳарду вилоят консерти калон доир гашта, дар Арт–Галерейи «Сомониён» ва Қасри ҷавонони шаҳри Хуҷанд намоиши санъат ва фолклори халқии вилояти Баткент баргузор хоҳад шуд.                 12 ноябр меҳмонон аз мавзеъҳои таърихӣ, аз ҷумла Қасри «Арбоб»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, осорхонаи таърихии вилояти Суғд ва варзишгоҳи навбунёди «Ваҳдат» — и маркази вилоят боздид хоҳанд кард.                Дар назар аст, ки дар ҷараёни ин сафар мулоқоти расмии раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода бо раиси вилояти Баткент Маратбек Ҷумабеков доир гардад. 

Ноябрь 11, 2009 15:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид