НАМУДҲОИ ИҶОЗАТДИҲИРО КАМ МЕКУНАНД

Ноябрь 13, 2009 17:02

                   Душанбе, 13 ноябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Имрӯз дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ оид ба татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ислоҳоти системаи иҷозатдиҳӣ» ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси тадбирҳои татбиқи Фармони Президенти ҶТ «Дар бораи ислоҳоти системаи иҷозатдиҳӣ» нишасти матбуотӣ баргузо гардид.                      Дар нишасти матбуотӣ қайд гардид, ки тибқи татқиқоти Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ оид ба корхонаҳои хурд ва миёна 40 фоизи соҳибкорон ҳангоми гирифтани иҷозатнома ба мушкилиҳо рӯ ба рӯ мегарданд. Дар Тоҷикистон зиёда аз 500 намуд иҷозатҳо мавҷуданд, ки аксари онҳо нолозим, ғайристандартӣ ва такроршаванда мебошанд.                      Гуфтанист, ки Ҳукумати мамлакат ҷиҳати татбиқи ислоҳоти мазкур Комиссия оид ба такмили санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи тартиби додани иҷозатномаҳоро ба субъектҳои фаъолияти соҳибкорӣ таъсис дод, ки муовини аввали Сарвазири ҷумҳурӣ Асадулло Ғуломов роҳбарӣ менамояд.                      Котиби масъули Комиссияи мазкур Шӯҳрат Раҳматбоев зикр намуд, ки Комиссия оид ба такмили санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи тартиби додани иҷозатномаҳо ба субъектҳои фаъолияти соҳибкорӣ, бо дастгирии Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ зиёда аз 500 намуд ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳиро ошкор намуд, вале то имрӯз аз мақомоте, ки иҷозатнома медиҳад танҳо 152 асоснок гирифта шудааст.  

Ноябрь 13, 2009 17:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад