ШИФОХОНАИ НАВ
Душанбе, 20 ноябр. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих).- Дирӯз дар шаҳри Душанбе дар ҶДММ «Тандурустӣ» шифохонаи нави хусусии «Эндохирургия» кушода шуд. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз дафтари матбуоти Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд. Дар маросими кушодашавии шифохона муовини аввали вазири тандурустии ҶТ Саида Ҷобирова, директори шифохонаи «Шифо» Абдушафеъ Хоҷиев, намояндагони вазоратҳо ва идораҳои ҷумҳурӣ ва меҳмонон иштирок карданд. Клиникаи мазкур бо ташаббуси Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба 70-солагии ташкили Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абу Али ибни Сино кушода шуд, қайд намуд С. Ҷобирова. Шифохонаи мазкур бо асбобу анҷоми навтарини сохти Олмон таҷҳизонида шудааст. Дар он барои 32 нафар ҷойи хоб, шӯъбаи ҷарроҳӣ ва дигар шӯъбаҳои зарурӣ кушода шудааст. Дар он мутахассисони соҳаҳои гуногуни тиб аз ҷумла, ҷарроҳон, духтурҳои бемориҳои гурда, асаб, кардиологҳо кор мекунанд. Дармонгоҳ дорои ҳуҷраи махсуси ташхиси беморӣ бо ёрии ультрасадо мебошад.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






