ТАҶЛИЛИ 70-СОЛАГИИ ДДТТ БО ИШТИРОКИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
Душанбе, 20 ноябр (АМИТ «Ховар», Акрам Ҳаитов). — Имрӯз, 20 ноябри соли 2009 дар толори Кохи Ваҳдат бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва олимону донишҷӯёни соҳаб тиб, инчунин меҳмонони хориҷӣ ҷаласаи тантанавӣ ба ифтихори 70-умин солгарди таъсиси ДДТТ ба номи Абуалӣ Сино баргузор гардид. Аснои суханронӣ Сардори Давлат ворисони Синои бузургро бо ин рӯзи саид шодбош гуфта, нақши устодони донишгоҳро дар тайёр кардани мутахассисони варзида, ташаккули тарзи ҳаёти солими ҷомеа ва пешрафти ин соҳаи муҳим беназиру бобарор арзёбӣ кард. Ба андешаи Эмомалӣ Раҳмон қабули Барномаи рушди ДДТТ барои солҳои 2006-2015, дар чанд соли охир 10 маротиба афзоши маблағгузорӣ бо мақсади таҳкими заминаҳои моддию техникии донишгоҳ, воридоти 650 адад компютери замонавӣ, таъмири бинои ин маркази таълимии тиббӣ дар ҳаҷми 24 миллион сомонӣ ва хариди асбобу маводи таълимӣ бо маблағи 9 миллион сомонӣ аз тадбирҳои амиқи Ҳукумати ҶТ аст, ки маҳз ба хотири рушди соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи сиҳатии омма амалӣ гардид. Ҳамзамон, чанд рӯз қабл хобгоҳи донишгоҳ таъмиру таҷдид ёфта, мавриди истифода қарор гирифт. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон супориш дод, ки то фарорасии Соли нави 2010 боз ду хобгоҳи дигари ДДТТ ба ихтиёри донишҷӯён қарор дода шавад. Маоши профессори донишгоҳ аз 80 сомонии соли 2004, алҳол 17 маротиба афзуда, ба 1400 баробар аст, ки ҳанӯз ҳам моро қаноатманд намекунад,- афзуд Эмомалӣ Раҳмон. Алҳол, дар 40 мамолики дунё, аз ҷумла танҳо дар ҷумҳурии Яман 700 нафар мутахассисони тибби тоҷик самарабахш фаъолият доранд. Сарвари Давлат инро ифодаи олии болоравии мавқеи мутахассисони миллии тоҷик дар арсаи ҷаҳонӣ номида, дастур дод, ки ба сифати таълиму тарбияи донишҷӯён ва таҷрибаомӯзии касбии онҳо дар марказҳои маъруфи соҳаи тибби ҷаҳон диққати махсус диҳанд. Фароҳам овардани шароитҳои мусоиди кору зист, дастгирию ҳавасмандии мутахассисони ҷавон дар шаҳру ноҳия аз ҷониби мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, таъмиру таҷдиди беморхонаҳо, бо таҷҳизоти муосир таъмин кардани онҳо, рушду равнақи тибби хусусӣ ва оилавӣ, пешгирӣ намудани воридоти доруҳои пастсифат ва маводи атторию ороишии ғайристандартӣ ба ҷумҳурӣ аз ҳидоятҳои асосии Сардори Давлат ба аҳли тиб ва масъулин буд. Дар ҷаласа ҳамчунин академик Неъмат Усмонов — мудири кафедраи ҷарроҳии ДДТТ, академик Николай Володин — ректори Донишгоҳи тиббии давлатии Русия, Масъуди Миршоҳӣ — масъули бахши саратоншиносии маркази пажӯҳишгоҳи миллии Фаронса ва профессори Донишгоҳи тиббии ба номи Пер ва Мария Кюрии шаҳри Париж ва Шокирова Умеда — донишҷӯи курси сеюми ДДМТ андешаҳои ҷолиб баён карда ба саҳми Донишгоҳ дар ташаккули тандурустии кишвар баҳои сазовор доданд. Дар ҷаласаи тантанавӣ Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ба ДДТТ сазовор донистани «Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» қироат шуд ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон онро ба ректори донишгоҳ Убайдулло Қурбонов тақдим кард. Ҳамзамон як қатор устодону олимони донишгоҳ бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ шуданд. Олими шинохтаи тиб, узви раёсати ҷамъияти «Пайванд» профессор Масъуди Миршоҳӣ бо ордени «Дӯстӣ» мушарраф гардид. Дар хатми ҷаласа барномаи ҷолиби ҳунарӣ пешниҳоди ҳозирин гардид.








Оид ба механизмҳои муосири арзёбии сифати таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ҳамоиш доир гардид
Монографияи илмӣ оид ба журналистикаи сайёҳӣ ба нашр расид
«ТОҶИКИСТОНИ МАН!». Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмун ҷамъбаст гардид
Имрӯз дар минтақаҳои доманакӯҳии ноҳияҳои тобеи Тоҷикистон сар задани сел пешгӯӣ мешавад
Сокини ноҳияи Кӯшониён аз ҳар қуттӣ кирмак то 35 килограмм пилла ба даст меорад
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон рӯзона борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар шаҳри Бӯстон доир ба татбиқи лоиҳаҳои муштараки иҷтимоӣ бо соҳибкорон вохӯрӣ баргузор шуд
Дар даҳсолаи охир дар ҷаҳон шумораи одамони бо гуруснагии фалокатбор рӯбарӯ нуҳ маротиба афзоиш ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 29 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Озмуни ҷумҳуриявии «Ҷавонон муқобили коррупсия» баргузор мешавад






