ТАҶЛИЛИ 70 – СОЛАГИИ ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ТИББӢ
Душанбе, 20 ноябр. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). — Имрӯз ба таъсиси Донишгоҳи давлатии тиббии ба номи Абӯалӣ ибни Сино расо 70 сол пур шуд. Ба ин муносибат дар Кохи Ваҳдат бо иштироки Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон ҷамъомади ботантана баргузор гардид. Дар ҷамъомад инчунин роҳбарону намояндагони хамаи вазорату идораҳо, созмонҳои ҷамъиятӣ ва тиббӣ ва бештар аз 200 нафар меҳмонони хориҷӣ иштирок намуданд. Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон, вазири тандурустӣ Нусратулло Салимов, ректори донишгоҳ Убайдулло Қурбонов, намояндагони созмонҳои давлатӣ, муҳофизи қонун ва меҳмонон намоишгоҳи дастовардҳои соҳаи тибби мамлакатро дар давоми 70 соли фаъолияти донишгоҳ тамошо карданд. Чунин намоишгоҳ дар даромадгоҳи Кохи Ваҳдат низ ороста шуда буд. Дар он маҳсулоти корхонаю коргоҳҳои тобеи вазорати тандурустӣ, вазорати маориф ва ҳамаи мактабҳои олии мамлакат намоиш дода шуданд. Донишгоҳи давлатии тиббии ба номи Абӯалӣ ибни Сино соли 1939 таъсис ёфта буд ва яке аз мактабҳои олии аввалини Тоҷикистон ба шумор меравад. Донишгоҳи мазкур имрӯз дар мамлакат маркази ягонаи омода сохтани мутахассисони маълумоти олидори соҳаи тандурустӣ мебошад. Донишгоҳ айни ҳол чор факулта ва 63 кафедра дорад. Дар он 5 ҳазору 886 донишҷӯ таҳсил мекунад. Аз ин ҷумла, 500 дониҷӯ аз мамлакатҳои хориҷӣ мебошанд. Донишгоҳ дар давоми 70 соли фаъолияташ бештар аз 30 ҳазор мутахассис тайёр кардааст. Онҳо имрӯз на танҳо дар Тоҷикистон, балки инчунин дар 32 мамлакати дигари ҷаҳон кор мекунанд. Дар Донишгоҳи давлатии тиббӣ 680 профессор ва омӯзгор, аз ҷумла 81 доктори илм ва 201 номзади илми тиб кор мекунад.








Вакили Маҷлиси намояндагон бо фаъолони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин вохӯрӣ намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад






