ВАЗИРОН ДАР ДУШАНБЕ ҶАМЪ МЕОЯНД

Ноябрь 4, 2009 11:43

                 Душанбе, 4 ноябр, (АМИТ «Ховар» Наргис Бояаҳмедова) – Ҷаласаи сессияи 37 Шӯрои Вазирони корҳои хориҷии Созмони конфронси исломӣ бо ширкати зиёда аз 105 намоянда аз кишварҳои СКИ моҳи май соли 2010 дар пойтахти Тоҷикистон баргузор карда мешавад. Вобаста ба ин вазорати корҳои хориҷии мамлакат аллакай корҳои омодагиро оғоз кард, — чунин иттилоъ дод ба АМИТ «Ховар» роҳбари Раёсати матбуоти ВКХ ҶТ Давлат Назриев.                  Қарор оид ба гузаронидани Ҷаласаи сессияи 37 Шӯрои Вазирони корҳои хориҷии Созмони конфронси исломӣ дар шаҳри Душанбе соли 2009 дар шаҳри Димишқ қабул гардид.                   Ёдовар мешавем, ки Созмони конфронси исломӣ яке аз бузургтарин созмонҳои расмии кишварҳои мусулмонӣ буда 57 мамлакатро бо шумораи зиёда аз 1,2 миллиард аҳолӣ дар бар мегирад. Созмон соли 1969 бо мақсади таъмини ҳамрайъии кишварҳои исломӣ дар риштаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, мубориза бар зидди нажодпарастӣ ва мутамликадорӣ таъсис дода шудааст. Тоҷикистон аз соли 1992 аъзои ин созмони бонуфузи байналмиллалӣ мебошад.

Ноябрь 4, 2009 11:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад