ВОРИДОТИ ФУРӮЗОНАКҲОИ ТАФСОН ДАР СУҒД?

Ноябрь 17, 2009 08:37

                  Душанбе, 16 ноябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Бо мақсади таъмини иҷрои дастуру супоришҳое, ки аз Паёми Президенти кишвар ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд, Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба баъзе чораҳои истифодабарии самараноки энергияи барқ» 31 августи соли ҷорӣ қабул гардид, воридоти фурӯзонакҳои барқии тафсон ба қаламрави ҶТ манъ карда шудааст.                      Мутахассиси калони шӯъбаи иттилооти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҶТ Нурулло Шарипов ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ки мақомоти гумрук ҷиҳати таъмини иҷрои талаботи қарори мазкур фаъолияти худро дар самти пешгирӣ ва ошкор кардани воридоти фурӯзонакҳои барқии тафсон пурзӯр намуда, дар давоми як моҳи охир 6 ҳолати воридоти ғайриқонунии махсусан калонро ба қайд гирифтанд. Оид ба ин ҳолатҳо нисбат ба шахсони қонуншикан протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода, ба мақомоти судӣ фиристонида шудааст.                     Аз ҷониби кормандони Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд ҳангоми гузаронидани амалиёти махсус дар роҳи мошингарди Ғафуров-Хуҷанд аз нақлиёти боркаши тамғаи «Камаз», рақами давлатиаш АР 33-33 РТ-02, таҳти ронандагии шаҳрванд Салимов Аюб ва автомашинаи мусофиркаши «Газел», рақами давлатиаш ЕВ 67-09 РТ-02, ронандааш Акбар Иброҳимов ҳамингуна қонуншиканӣ ошкор ва боздошт гардид. Ҳангоми азназаргузаронии гумрукӣ маълум гардид, ки дар дохили автомашинаҳои мазкур қочоқбарон дидаву дониста талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро дағалона вайрон намуда, шумораи зиёди фурӯзонакҳои барқии тафсони истеҳсоли Ҷумҳурии Қирғизистон ва инчунин, масолеҳи сохтмониро пинҳон намуда, ба қаламрави Тоҷикистон ворид намудаанд.                       Нисбати ин ҳолатҳо мутобиқи талаботи қонунгузории ҶТ чораҳои зарурӣ андешида шудааст. 

Ноябрь 17, 2009 08:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст