ЯРМАРКАИ ҶОЙҲОИ КОРӢ
Суғд, 20 ноябр. (АМИТ «Ховар», Мирзалӣ Амонов, Самад Юсуфӣ).-Субҳи дирӯз, дар маркази шаҳри Хуҷанд ба ибтикори раёсати агентии ҳифзи иҷтимоии шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати меҳнатӣ ярмаркаи ҷойҳои кори холӣ баргузор гардид. Дар ярмарка 17 ташкилоту корхонаҳои шаҳру ноҳияи вилоят ҷойи кор пешниҳод намуданд. 806 нафар довталаб иштирок намуданд, ки аз он 506 нафарашон ба хадамоти муҳоҷиратӣ муроҷиат намуданд. Дар ярмарка 55 нафар ба ҷои кор тавсия дода шуда, аллакай 30 нафар бо ҷойи кор таъмин ва 100 нафар вобаста ба муҳоҷирати меҳнатӣ маслиҳатҳои ҳуқуқӣ гирифтанд. Дар ин бора ба хабарнигори «Ховар» сардори раёсати агентии ҳифзи иҷтимоии шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират Мӯҳсин Миркамолов иттилоъ дод.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






