100 МУРҒИ МАРҶОН БАРОИ ЗИЁФАТИ СОЛИНАВӢ
Душанбе, 30 декабр. (АМИТ «Ховар». Лаззат Диловарзод).- Имрӯзҳо сохтмони нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» маркази таваҷҷӯҳи сокинони ҷумҳурии Тоҷикистон ва соҳибкорону муҳоҷирони меҳнатии берун аз кишвар мебошад. Тавассути расонаҳои хабарӣ ҳаррӯз даҳҳо иттилоот дар бораи рафти кор, қаҳрамонию якдилӣ ва часпу талош барои дар вақти пешбинишуда бастани маҷрои дарёи Вахшу идомаи кор баҳри расидан ба қуллаи умед – бунёди калонтарин нерӯгоҳ дар Тоҷикистон ва баландтарин сарбанд дар олам, нашру пахш мегардад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз хонандаи мактабӣ то нафақахӯри оддӣ бунёди ин иншооти бузурги асрро дастгирӣ мекунанд. Бо ин мақсад, сокинони ноҳияи Ванҷи ВМКБ бо сарварии раиси ноҳия Нарзулло Ҷонов барои зиёфати солинавии коргарону мутахассисони инженер – техникии нерӯгоҳ маводи ғизоӣ аз қабили: гӯшт, картошка, пиёз, сабзӣ, туту зардолу, чормағзу себу тутпист — (талқони тут) ва 100 мурғи марҷони зинда, ҳамчунин афшӯраи меваро ҷамъулҷамъ ба маблағи беш аз 80 ҳазор сомонӣ ба шаҳри Роғун расониданд. — Ин тӯҳфаи аввалу охир нахоҳад буд, сокинони ноҳия азм доранд то охири сохтмони нерӯгоҳ боз 10 маротиба дастурхони коргаронро бо маводи ғизоии хушлаззату идона оро диҳанд, — иброз дошт раиси ноҳия Нарзулло Ҷонов ба мухбири АМИТ «Ховар».








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






