ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ КИТОБХОНАҲО

Декабрь 21, 2009 13:15

                  Душанбе, 21 декабр. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова). — 19 декабр дар вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ натиҷаҳои озмуни ҷумҳуриявии китобхонаҳои оммавии мамлакат таҳти унвони «Чароғи ҳидоят» ҷамъбаст карда шуд.                   Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки дар даври аввали озмун китобхонаҳои навоҳии Ҷиргатол, Шаҳринав, Тоҷикобод, Рашт, Тавилдара, Нуробод, Файзобод, Рӯдакӣ, Ҳисор, Мӯъминобод, Панҷ, Хуросон, шаҳрҳои Ваҳдат, Роғун, Турсунзода ва Кӯлоб ғолиб дониста шуданд.                    Дар натиҷаи ҷамъбасти даври дуюми озмун ҷои аввалро Китобхонаи марказии ноҳияи Ҳисор ишғол намуд. Ҷои дуюм насиби китобхонаҳои ноҳияи Хуросон, деҳаи Навободи ноҳияи Рашт ва ноҳияи Мастчоҳ, ҷои сеюм насиби китобхонаи бачагонаи ВМКБ ва китобхонаи марказии ноҳияи Рӯдакӣ гардид.                     Озмуни «Чароғи ҳидоят» дар давоми сол дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои мамлакат давом дошт. Зимни ҷамъбасти он фаъолияти китобхонаҳо дар бобати зиёд кардани шумораи хонандагон, ташкили намоишгоҳҳои китоб, шабнишинию мулоқотҳо ва ғайра ба назар гирифта шуданд.

Декабрь 21, 2009 13:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад