АМИТ «ХОВАР» 84 – СОЛА ШУД

Декабрь 31, 2009 12:28

                   Душанбе, 31 декабр. (АМИТ «Ховар», Наталя Михайлова). — Имрӯз ба ташкили Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» 84 сол пур шуд. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон бо қарори раёсати Кумитаи инқилобии Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон 31 декабри соли 1925 ташкил ёфта буд. Баъдан ба он мақоми Агентии телеграфии ҷумҳуриявӣ дода шуд, ки хабарҳои ТАСС – ро аз Маскав қабул карда, онҳоро барои рӯзномаҳои маҳаллӣ пахш менамуд. Дар баробари ин кормандони ТоҷикТа дар бораи рӯйдодҳои маҳаллӣ ахборнома тайёр мекарданд.                    ТоҷикТа соли аввали фаъолияташ ҳамагӣ як радиоприёмник, як мошинкаи чоп ва як дастгоҳи нусхабардорӣ дошт. Ба воситаи радиоприёмник хабарҳои навтарини дорои аҳамияти иттифоқӣ ва хориҷӣ аз Маскав қабул карда, аз забони русӣ тарҷума намуда, дастраси рӯзномаҳо, радио ва баъзе ташкилотҳо гардонида мешуданд.                   ТоҷикТа ҳамчун ҷузъи таркибии ТАСС ва мақоми ҷумҳуриявии иттилоотии ҳукуматӣ дар бораи ҳаёти сиёсию иқтисодӣ, илмӣ, фарҳангӣ, варзишӣ ва фаъолияти дипломатӣ хабарҳои воқеию эътимоднок ҷамъ оварда ва пахш менамуд.                   Агентӣ тадриҷан ба оинаи ҳаёти ҷамъиятии ҷумҳурӣ табдил ёфт. Ба воситаи хабарҳои он бори аввал калимаҳои «Вахштстрой», НБО «Норак», «ТадАз», «Пахтаи маҳиннах», «Лимӯи тоҷик», «Ёвон» ва ғайра ба воситаи агентиҳои дигари умумиттифоқӣ дастраси шунавандагони тамоми ҷаҳон гардонда шуданд.                    ТоҷикТа бо мурури замон ба маркази ягонаю калонтарини иттилоотии мамлакат табдил ёфт, ки дорои шӯъбаҳои эҷодию техникӣ мебошад. Мухбирони махсуси он аз минтақаҳои гуногуни мамлакат — Кӯлоб, Қӯрғонтеппа, Ленинобод (вилояти ҳозираи Суғд) ва вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хабарҳо ҷамъ меоранд. Агентӣ тӯли солҳои охирини ҳокимияти шӯравӣ ба мактаби ҳақиқии эҷодии такмили маҳорати журналистон ва тарҷумонҳо табдил ёфта буд.                   Ҷанги Бузурги Ватании халқи шӯравӣ ба муқобили Олмони фашистӣ ба тамоми соҳаҳои фаъолияти агентӣ таъсири манфӣ расонд. Қисми зиёди кормандони агентӣ ба ҷанг фиристода шуданд. Бо вуҷуди ин солҳои ҷанг нашрияҳои махсуси мусаввари ТоҷикТа нашр мешуданд, ки дар бораи вазъияти фронт ва ақибгоҳ нақл мекарданд.                    ТоҷикТа дар ҷараёни солҳои баъди ҷанг имкониятҳои худро торафт васеъ намуд. Кормандони он тӯли солҳои барқарор сохтани хоҷагии халқи дар натиҷаи ҷанг харобгардидаи мамлакат фаъолонаю самарабахш кор мекарданд. Онҳо на танҳо ба халқи мамлакат, балки ба хориҷа дар бораи бунёди Комплекси истеҳсолии ҷануби Тоҷикистон ва дастовардҳои миллӣ дар ҳалли проблемаҳои иҷтимоӣ хабарҳо нашр менамуданд.                     Соли 1972 системаи ТАСС ва тамоми агентиҳои телеграфии ҷумҳуриҳои иттифоқӣ, аз ҷумла, Тоҷикистон ба шабакаи ягонаи иттилоотии ИҶШС табдил дода шуданд. Ҳамон солҳо мақоми ТоҷикТа ба мақоми кумитаи давлатии ҶШС Тоҷикистон баробар карда шуд. Тадбирҳои андешидашуда ва таъминоти техникӣ имкон доданд, ки иттилооти зарурӣ саривақт ва хушсифат ҷамъ оварда, ва пахш карда шаванд. Ҳамон солҳо ба воситаи каналҳои ТАСС дар бораи рӯйдодҳои Тоҷикистон ҳар моҳ бештар аз сад ҳабар пахш карда мешуд. Чор шӯъбаи ТоҷикТа ҳар сол то 3,5 ҳазор хабар тайёр мекард.                    Соли 1981 дар шӯъбаи ахбори мусаввари ТоҷикТа лабораторияи суратҳои ранга кушода шуд, ки бо асбобу анҷоми навтарин таҷҳизонида шуда буд. Дар натиҷа Тоҷикистон дар бисёр намоишгоҳҳои суратҳои рангаи умумииттифоқӣ ва байналхалқӣ иштирок мекард. Қабл аз ин дар ТоҷикТа коргоҳи тайёр намудани лавҳачаҳои плостикӣ кушода шуд, ки дар Осиёи Марказӣ ягона буд. Коргоҳи мазкур фармоиши рӯзномаҳои ноҳиявиро иҷро мекард. Ин шӯъба ҳар моҳ таҳти унвони «Тоҷикистони имрӯза» бо теъдоди 400 нусха ахбори мусаввар тайёр мекард, ки ҳар кадоми он 20 сурат дошт.                   Агентӣ ҳамон солҳо на танҳо нашрияҳои ҷумҳуриявӣ, балки 7 нашрияи вилоятӣ ва 44 рӯзномаи ноҳиявию шаҳриро бо маводи иттилоотӣ таъмин менамуд.                     Ҷанги дохилии солҳои 90 – уми асри гузашта ба фаъолияти агентӣ зарари калон расонд. Вале фаъолияти агентӣ ягон рӯз қатъ нагашт ва баъди ба охир расидани амалиёти ҳарбӣ дар Тоҷикистон фаъолияти он бештар густариш ёфт. Дар натиҷаи ҷидду ҷаҳди роҳбарият ба агентӣ техникаи нав, аз ҷумла, дисплейҳо ва баъдан компютерҳо оварда шуданд. Кормандони агентӣ дар натиҷа имконият пайдо карданд, ки ба иҷрои вазифаҳои нав шурӯъ карда, дар бораи рӯйдодҳои ҳаёт ва пешрафти Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди ба даст овардани мустақилияти давлатии он бештару хубтар хабарҳо пахш намоянд.                   ТоҷикТа соли 1992 ба Агентии иттилоотии «Ховар» табдил дода шуд. Моҳи апрели соли 2004 агентӣ мақоми Агентии марказии давлатии иттилоотии назди Ҳукумати ҷумҳуриро ба даст овард ва номи он ба Агентии миллии иттилоотии «Ховар» иваз карда шуд.                     Агентӣ фаъолияти худро дар асоси Сарқонун, қонунҳои дигари Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармону дастурҳои Президенти ҷумҳурӣ, қарорҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон, дастурҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ ва санадҳои байналхалқии ҳуқуқӣ дар соҳаи воситаҳои ахбори оммавӣ ба роҳ мондааст. Агентӣ имрӯз ахборномаҳои худро ба забони тоҷикӣ бо номи «Набзи Ховар» ва ба забони русӣ бо номи «Пулс Востока» нашр менамояд. Ин ахборномаҳо дар байни мақомоти давлатӣ, ташкилоту муассисаҳо, созмонҳои ҷамъиятӣ, байналхалқӣ ва намояндагиҳои дипломатии хориҷӣ паҳн карда мешаванд.                  Ба Агентии миллии иттилоотии «Ховар» ҳуқуқи махсуси ҷамъоварӣ ва пахш намудани хабарҳои расмӣ ва ҳуҷҷатҳо дар бораи фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати мамлакат, Маҷлиси Олӣ ва шарҳу тавзеҳи онҳо дода шудааст.                   АМИТ «Ховар» имрӯз дар ҳамаи шаҳру вилоятҳо ва ноҳияҳои ҷумҳурӣ, инчунин Федератсияи Русия, Туркия, Олмон ва ИМА бунгоҳҳои иттилоотии худро дорад.                   Дар Агентӣ тӯли солҳои фаъолияти он мутахассисони варзидаи соҳаи иттилоот ба камол расидаанд, ки имрӯз ҷи дар дохили мамлакат ва чӣ берун аз он самарабахш кор мекунанд.                     Принсипҳои асосии фаъолияти мухбирони агентӣ таъҷилан ҷамъ овардани хабарҳои воқеӣ ва эътимодбахш дар бораи рӯйдодҳои ҳаёти ҷумҳурӣ мебошанд. Хабарҳои агентӣ имрӯз ба забонҳои тоҷикию русӣ, англисӣ ва ӯзбекӣ пахш карда мешаванд.

Декабрь 31, 2009 12:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон то соли 2032 ба кишвари тавлидкунандаи энергияи «сабз» табдил хоҳад ёфт
«САЁҲАТ БА ҚАЛБИ АВРУОСИЁ». Иштирокчиёни экспедитсия бо фарҳанг ва анъанаҳои мардуми Қазоқистон шинос шуданд
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиш баргузор шуд
Барои пешгирии вайроншавии қабати болоии роҳ аз таъсири ҳавои гарм чӣ тадбир андешида мешавад?
Дар лагери «Сарҳадбон» 100 нафар кӯдакон аз оилаҳои хизматчиёни ҳарбӣ ба истироҳат фаро гирифта шуданд
ТИРГОН, ЯЪНЕ, КИ ҚАДРИ ОБ ДОН. Миллате, ки об барояш муқаддас аст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Дар 130 муассисаи таълимии ноҳияи Рӯдакӣ беш аз 10 ҳазор наврасон ба истироҳат фаро гирифта шудаанд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар Душанбе ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ таҳти унвони «Пешвои миллат — меъмори Ваҳдат» доир гардид
МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН: Дар Санкт –Петербург Созишнома оид ба ҳамкории оператор бо таҳиягари пешбари Русия — Ivideon имзо гардид