ДАСТГИРИИ «РОҒУН»
Суғд, 22 декабр. (АМИТ «Ховар», Мирзалӣ Амонов, Самад Юсуфӣ). — Сокинони шаҳри Чкаловск муроҷиатномаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба дастгирии НБО «Роғун» ҳамаҷониба ҷонибдорӣ менамоянд. Аз тарафи хонандагону муаллимони литсеи рақами 1-и шаҳр, бо дастгирии шӯъбаи маориф ва кумитаи падарону модарон ҳамчун нишони дастгирӣ ва идомаи сохтмони нерӯгоҳи тақдирсоз маҳфили шеъру тарона баргузор гардид, ки маблағи аз ин тахфил ҷамъшударо ба суратҳисоби Роғун ирсол медоранд. Намояндагони соҳа низ ба кӯмаку харидории саҳмияҳо, саҳмгузори сохтмони нерӯгоҳи «Роғун» мебошанд. Ширкати «Элегант» бо сарварии Аҳмадҷон Мӯъминов аз аввалинҳо шуда барои дастгирии НБО «Роғун» маблағҳои кӯмак расонданд. Тавре сардори шӯъбаи молияи шаҳр К.Одилов ба мо иттилоъ дод, тамоми кормандони муассисаву корхонаҳо маоши якрӯзаи хешро ба суратҳисоби НБО «Роғун» ирсол намуданд. Ҳамин гуна, намояндагони табақаҳои гуногуни аҳли ҷомеа омодагии хешро аз харидории саҳмияҳои Роғун изҳор медоранд.








Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд






