ДАСТРАСИИ ЗАНОНИ ДЕҲОТ БА ЗАМИН
Мӯъминобод, 23 декабр. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов). — Дар ноҳияи Мӯъминобод то инҷониб зиёда аз 800 хоҷагиҳои деҳқонӣ мавҷуд буда, аз ин шумора 64 адади онро занон сарварӣ менамоянд, гуфт мудири бахши кор бо занон ва оилаи ноҳия Лутфия Ҷумъаева ва афзуд, ки аксари онҳо дар ҷамоатҳои деҳоти Кулчашма, Боғигаӣ, Деҳибаланд ва Туту фаъолият доранд. Ба гуфтаи ин манбаъ байни занони роҳбари хоҷагиҳои деҳқонӣ ва аъзоёнашон 2 семинари дурӯза гузаронида шуда, ба беш аз 500 деҳқонзанони ноҳия аз тарафи Ташкилоти Байналхалқии КАРИТАС барои зиёд намудани тухмиҳои хушсифат ба миқдори аз 50 то 150 килограммӣ гандум ва картошка, аз тарафи Ташкилти Байналхалқии ФАО тухмиҳои хушсифати ҷуворимакка, нахуд, эспарсет ва офтобпараст тақсим карда дода шуд. Мавриди зикр аст, ки деҳқонзанони ноҳия мувофиқ ба Муроҷиатномаи Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон заминҳои дар зимма будаашонро самаранок истифода бурда, ду ва ё зиёда ҳосил ба даст оварда истодаанд.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






