ДУ ҶОИЗА БА ФИЛМИ КОРГАРДОНИ ТОҶИК
Душанбе, 21 декабр. (АМИТ «Ховар», Таҳмина Ғоибназарова). — 18 декабр дар маркази вилояти Кёрали Ҳиндустон Ҷашнвораи 14 — уми байналхалқии филмҳо анҷом ёфт. Дар ҷашнвора филмҳои драмнависон ва коргардонони Аргентина, Фаронса, Африқои Ҷанубӣ, Туркия, Индонезия, Ҷумҳурии Куриё, ИМА, Қазоқистон, Тоҷикистон, Ҳиндустон ва Эрон намоиш дода шуданд. Аз Тоҷикистон дар ин ҷашнвора филми коргардони тоҷик Носир Саидов «Қиёми рӯз» ба тамошобинон пешкаш карда шуд, ки аз рӯи намоишномаи Сафар Ҳақдодов ба навор гирифта шудааст. Масъули пахш ва фурӯши филм коргардони эронӣ Шоҳреҳ Гулпариён мебошад, ки дар Ҷопон зиндагӣ мекунад. 18 декабр маросими супоридани ҷоизаҳо ба филмҳои беҳтарин баргузор гардид. Ҳайати доварон филми «Қиёми рӯз» — ро ба ду ҷоиза — «Барои кори беҳтарини коргардон» ва «Ҷоизаи ҳусни таваҷҷӯҳи тамошобин» сазовор донист. Филми мазкур дар ҷашнвораи байналмилалии филмҳо дар шаҳри Пусони Ҷумҳурии Куриё иштирок намудааст. Ин филм моҳи феврали соли 2010 дар ҷашнвораи байналмилалии Ротердам намоиш дода мешавад. Баъдан намоиши филм дар ҷашнвораҳои байналмилалии Милан, Дания ва Санта – Барбара ба нақша гирифта шудааст.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






