ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Декабрь 30, 2009 07:25

Дар бораи ҳифзи ҳуқуқи саҳмдорони Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Нерӯгоҳи барқи обии Роғун»                         Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ф а р м о н    м е д и ҳ а м:                 1) Саҳмияҳои Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Нерӯгоҳи барқи обии Роғун» танҳо ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсони ҳуқуқии ба моликияти давлатӣ ва моликияти хусусии шаҳрвандони Тоҷикистон асосёфта ба таври ихтиёрӣ фурӯхта шаванд.                2) Маблағҳои пулии шахсоне, ки саҳмияҳои Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Нерӯгоҳи барқи обии Роғун» — ро харидорӣ намудаанд қонунигардонида ҳисобида шаванд ва ин шахсон аз ҷавобгарӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда мешаванд.                3) Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон, Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» ва дигар мақомоти дахлдори давлатӣ махфияти маълумотҳоро оид ба маблағи саҳмияҳои харидашуда, шахсияти харидорони саҳмияҳо ва гирифтани суди (дивиденд) саҳмияҳоро таъмин намоянд.                 4) Санҷиши фаъолияти бонкҳо оид ба фурӯши саҳмияҳо, бақайдгирӣ ва номнависии сертификати саҳмияҳо, ҷамъоварии маблағҳо аз фурӯши саҳмияҳо ва сертификати саҳмияҳои Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Нерӯгоҳи барқи обии Роғун» ва сарчашмаи маблағҳои ба даст овардани саҳмияҳо манъ карда шавад. Дар сурати содир намудани ҷиноят ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳо аз ҷониби саҳмдорон ва кормандони бонкҳо санҷиш вобаста ба харидории саҳмияҳо танҳо бо иҷозати Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад.                5) Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри амалӣ намудани Фармони мазкур:- санадҳои меъёрии ҳуқуқии худро ба Фармони мазкур мутобиқ намояд;- ҷиҳати такмили санадҳои қонунгузорӣ таклиф пешниҳод намояд.Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон   Э.Раҳмонш. Душанбе 29 декабри соли 2009№742

Декабрь 30, 2009 07:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд