«ХЛОПУШКА» ДИГАР САДО НАМЕДИҲАД
Душанбе, 23 декабр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Ба иттилои дафтари матбуоти Раёсати идоракунӣ ва тартиботи ҷамъиятии шаҳри Душанбе, кормандони раёсати мазкур нафақат дар шаҳри Душанбе, балки дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ муборизаро бар зидди маводӣ шарорадор ба истилоҳ «пиротехникӣ», ки аз ҷониби корчаллонҳо тариқи қочоқ ба ҷумҳурӣ ворид карда мешаванд, зери назорат гирифтанд. Тибқи моддаи 199 –и Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон шахсони ба гардиши ғайриқонунии маводи шарорадор — «пиротехникӣ» машғул, дар асоси банди якуми моддаи мазкур «воридоти ғайриқонунӣ, нигоҳдорӣ, фурӯш ва ё барои соҳибӣ ба шахси дигар дода шудааст аз 100 то 200 нишондиҳандаи ҳисоббаробаркунӣ ҷарима андохта мешаванд» Алҳол дар Душанбе садои «Хлопушка» ба гӯш намерасад, ки гувоҳ аз хизмати раёсати мазкур аст.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






