КОРМАНДИ МОЛИЯ ОДАМ КУШТ ВА ГУРЕХТ…
Кӯлоб, 22 декабр. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов). — Пас аз ҷустуҷӯи тӯлонӣ кормандони мақомоти интизомии Кӯлоб соҳиби мошинеро, ки дар пахш ва ба ҳалокат расонидани як сокини шаҳр гумонбар дониста мешуд, боздошт карданд. Насрулло Маҳмудов, додситони шаҳри Кӯлоб мегӯяд, пас аз чораҳои фаврӣ-ҷустуҷуи давоми якуним моҳ маълум карда шуд , ки ронанадаи сабукрави навъи “Опел”, Сафархон Айниддинов, корманди шӯъбаи молияи шаҳри Кӯлоб шоми 29 октябр қоидаи ҳаракати роҳро вайрон намуда, Аҳтамшо Раҳимовро зер менамояд. Ба қавли додситон болои ин, ронанда кушиши Аҳтамшоро аз марг наҷот додан намекунад ва номбурда дар ҷои ҳодиса ҳалок мегардад. Ба гуфтаи ҷаноби Маҳмудов, зимни ҷустуҷӯ маълум шуд, ки Сафархон пас аз ин ҳодиса оинаи пеши мошинро, ки ҳангоми ҳодиса шикаста будааст ба ҳоҷатхонаи хеш ҳаво медиҳад ва ин далел пайдо шуда, дақиқ шуд, ки дар ин ҳодиса ӯ даст доштааст. Бояд гуфт, пас аз фирор кардани Айниддинов аз маҳалли ҳодиса (роҳи самти Зиракӣ-Кӯлоб) сару садоҳо зиёд шуда буд. Вале додситони шаҳр мегӯяд, ин овозаҳо асос надоранд ва Сафархон Айниддинов назди қонун ҷавоб хоҳад гуфт.








Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






