МАРКАЗИ БАРҚУ ГАРМИДИҲИИ ДУШАНБЕ БА КОР ДАРОМАД
Душанбе , 14 декабр. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова). – Роҳбари дафтари матбуоти Ширкати саҳҳомии «Барқи тоҷик» Нозир Ёдгорӣ ба АМИТ «Ховар» хабар дод, ки маркази барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе 11 декабр ба кор шурӯъ намуда, ба шаҳр қувваи барқ ва гармӣ медиҳад. Айни ҳол дар ин ҷо дар давоми шабонарӯз қариб 30 ҳазор киловатт – соат қувваи барқ ва 50 гкеколория гармӣ истеҳсол карда мешавад. Тибқи нақша, истеҳсоли қувваи барқ ва гармӣ тадриҷан зиёд карда хоҳад шуд. Н.Ёдгорӣ зикр намуд, ки дар маркази барқи гармидиҳӣ ҳар рӯз 150 тонна мазут ва 200 ҳазор метри мукааб гази табиӣ истифода бурда мешавад. Дар марказ зиёда аз 14 ҳазору 600 тонна мазут захира карда шудааст, ки аз рӯи ҳисобҳои мутахассисон то охири мавсими зимистон кифоя мебошад. Қайд карда шуд, ки қувваи барқи дар ин ҷо истеҳсолшуда нисбатан қиматтар мебошад.








Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






