МУҲОКИМАИ ПЕШНИҲОДИ ПРЕЗИДЕНТИ РУСИЯ
Маскав, 9 декабр. (АМИТ «Ховар», Ҳалима Хушқадамова). – Намояндагони давлатҳои аъзои Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ рӯзҳои наздик бо мақсади муҳокимаи пешниҳоди Президенти Русия Д.Медведев дар бораи лоиҳаи барномаи нави таъмини амнияти Аврупо машварат хоҳанд кард. Муншии умумии созмон Николай Бордюжа зимни сӯҳбат бо хабарнигорон изҳор намуд, ки ин ҳуҷҷат ҳам барои созмон ва ҳам барои таъмини амнияти ояндаи Аврупо аҳамияти калон дорад. Созмон қабл аз ин дар изҳороти худ аҳамияти калон ва ба мақсад мувофиқ будани ислоҳоти системаи амнияти Аврупо ва имзои созишномаи навро роҷеъ ба ин проблема борҳо таъкид карда буд. Зарурати қабули барномаи мазкур ба дигаргуниҳои нави дар ҷаҳон ва Аврупо ба амал омада вобаста мебошад, ки андешидани тадбирҳои дастаҷамъии таъмини амниятро тақозо менамоянд. Н.Бордюжа зикр кард, ки пешниҳоди Русия дар маҷлиси худи созмон низ муҳокима карда мешавад.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






