НАМОЯНДАИ ДУШАНБЕ ДАР ЖЕНЕВА ГУЗОРИШ МЕДИҲАД
Душанбе, 9 декабр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Муовини Раиси шаҳри Душанбе Маъруф Сайфиев аз миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ ягона намоянда аст, ки дар мизи мудаввари «Проблемаҳои гуманитарӣ дар чаҳорчӯбаи урбанизатсия» ва «Муколамаи Комиссари Олӣ оид ба масъалаҳои баҳсноки ҳимояи ҳуқуқ» ширкат ва суханронӣ менамояд. Форуми мазкур бо иқдоми Комиссари Олии Созмони Милали Муттаҳид дар умури паноҳандагон созмон дода шудааст, ки имрӯзҳо дар шаҳри Женеваи Швейтсария идома дорад. Бояд гуфт, ки баргузории ин нишаст дар ҳалли проблемаҳои гурезагон, ки мутаассифона дар низоми ҳамзистиҳои ҷаҳонӣ бар асари даргириҳои гуногун бе сарпаноҳ монда, дар ғурбат умр ба сар мебаранд, нақши муассир хоҳад гузошт. Аз хадамоти матбуоти Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар нишасти мазкур таҷрибаи Душанбе дар ҳалли масъалаҳои паноҳандагон аз ҷониби кишварҳои дигари аъзои СММ мавриди пажӯҳиш қарор дода мешавад.








Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад






