ОҒОЗИ СОХТМОНИ МАСҶИДИ КАЛОНТАРИН ДАР ОМ (ФОТО)

Декабрь 23, 2009 15:10

                  Душанбе, 23 декабр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Дар Душанбе сохтмони калонтарин масҷид дар Осиёи Марказӣ оғоз гардид. Масҷиди мазкур бо маблағҳои Амири Давлати Қатар аз ҷониби Ширкати сохтмонии «Аднон Сафарини»-и Амороти Муттаҳидаи Араб дар давоми 5 сол бунёд мегардад.                     Аз намояндагии Ширкати «Аднон Сафарини» ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки ин масҷиди бузург дар майдони 7,5 гектар замин ҷойгир шуда, иборат аз биною мавзеъҳои намозхонӣ, китобхона, осорхона, толорҳои маҷлисӣ ва қабули меҳмонон барои мулоқоту гуфтушунидҳо хоҳад буд. Атрофи масҷид бо манораи боҳашамат, 7 сутуни зебои мунаққашу мусаввар, ки рамзи ҳафт қабати замину осмон ва дарвозаҳои биҳиштанд, инчунин ҳавз ва фаввораҳои зиёд, ки аз кишвари обҳои софу зулол будани Тоҷикистон башорат медиҳанд, оро дода мешавад.                     Мутобиқи лоиҳа дар дохил ва долонҳою атрофи масҷид дар як вақт то 150 ҳазор нафар метавонанд намоз хонанд. Танҳо дар толори асосии намозхонӣ барои 50 ҳазор нафар ҷой омода хоҳад шуд.                      Ёдовар мешавем, ки санги асоси ин масҷиди камназирро 5 октябри соли ҷорӣ Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Вазири давлатии ҳамкориҳои байналмилалии Давлати Қатар Холид ибни Муҳаммад ал-Аттия гузошта буданд. Дар ин маросим Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуда буд, ки дар паҳлӯи масҷиди мазкур ҳамчунин як донишгоҳи бузурги исломӣ бунёд карда шавад.                      Гуфтанист, ки ин на танҳо як масҷид, балки як маркази бузурги фарҳангу таърихи исломӣ хоҳад буд. 

Декабрь 23, 2009 15:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад