ПАЁМИ ШОДБОШИ ПРЕЗИДЕНТИ РУСИЯ БА УНВОНИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

Декабрь 31, 2009 09:57

                  Маскав, 31 декабр. (АМИТ «Ховар» — кремл.ру). — Президенти Федератсияи Русия Дмитрий Медведев 30 декабр ба муносибати фаро расидани соли нави масеҳӣ ба унвони сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои мамолики хориҷӣ барқияҳои шодбош фиристод.                   Дар барқияи ба унвони Президенти Тоҷикистон фиристодаи сардори давлати Русия гуфта мешавад, ки сафари давлатии ба қарибӣ дар Русия анҷомёфтаи Президенти Тоҷикистон ба равнақу ривоҷи муносибатҳо ва вусъати бештари равобити дуҷонибаи ҳар ду кишвар такони тоза мебахшад.                    «Умед аст, ки ба мо дар соли нав амалӣ сохтани паймонҳои ба даст овардаамон ба манфиати густариши минбаъдаи муносибатҳо ва ҳамкории Русия ва Тоҷикистон муяссар хоҳад гашт», — гуфта мешавад дар барқия.

Декабрь 31, 2009 09:57

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад