РӮЗИ СИЁҲИ БАҒДОД
Бағдод, 9 декабр.(АМИТ «Ховар» — vesti.ru) – Субҳи 8 декабри соли ҷорӣ дар пойтахти Ироқ якчанд амалҳои террористӣ ба вуқӯъ пайваст. Хабаргузориҳо оид ба 5 таркиш дар минтақаҳои гуногуни шаҳр ва кушта шудани садҳо шаҳрвандони бегуноҳ иттилоъ медиҳанд. Террористон маводҳои таркандаро дар дохили автомашинаҳо ҷойгир карда онҳоро ҳангоми авҷ гирифтани равуои одамон ва ходимони давлатӣ дар наздикии биноҳои маъмурӣ, аз ҷумла вазорати корҳои дохилӣ, вазорати молия ва тафтишоти судӣ, ба амал дароварданд. Ҳамчунин як автомашинаи пулис дар наздики Донишгоҳи техноглогӣ тарконда шуд. Дар баробари фавтидагон, наздики 200 нафари дигар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштанд. Айни ҳол, ҷавобгарии ин амалҳои террористиро ягон созмон ба ӯҳдаи худ нагирифтааст. Таркишҳо ҳам дар маҳалҳои суннинишин ва ҳам дар маҳалҳои шиамазҳабон амалӣ шуданд.








Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






