САҲМИЯҲО ВА СЕРТИФИКАТҲОИ САҲМИЯҲОИ НБО «РОҒУН»

Декабрь 14, 2009 11:47

                  Душанбе, 14 декабр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамроҳи Ҷамъияти саҳҳомии НБО «Роғун» бо мақсади ҷалби сармояи дохилӣ ба сохтмони Нерӯгоҳи барқии обии «Роғун» аз моҳи январи соли 2010 сар карда, ба нашри саҳмияҳо бо арзиши 100 сомонӣ ва сертификати саҳмияҳо бо арзиши 500, 1000 ва 5000 сомонӣ шурӯъ менамояд.                     Саҳмияҳо ва сертификатҳои онҳо ба маблағи то 5000 сомонӣ бо роҳи додани саҳмияҳои ҳуҷҷатӣ ба номи соҳибони онҳо фурӯхта мешавад. Симоҳои ҳуқуқӣ ва воқеӣ, ки саҳмияҳоро ба маблағи то 5000 сомонӣ мехаранд, соҳибони саҳмияҳои ҳуҷҷатӣ мегарданд. Ба касоне, ки аз маблағи 5000 сомонӣ зиёд саҳмияҳоро харидорӣ мекунанд, сертификатҳои махсус дода хоҳад шуд. Ин сертификатҳо дар вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта мешаванд.                     Ба вазорату идораҳо, корхонаҳо, муассисаҳо ва бонкҳое, ки саҳмияҳои Роғунро мехаранд, сертификатҳои махсус дода мешавад. Ин сертификатҳо низ дар вазорати молия ба қайд гирифта мешаванд.                    Дар вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк» барои ҷамъ овардани маблағҳои фурӯши саҳмияҳо ва сертификатҳои онҳо бо пули миллӣ ва асъори хориҷӣ суратҳисобҳои алоҳида кушода шудаанд.                     Хоҳишмандон роҷеъ ба ҳамаи масъалаҳои марбут ба харидани саҳмияҳо ба вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат карда метавонанд. 

Декабрь 14, 2009 11:47

Хабарҳои дигари ин бахш

29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад