САФИРИ ТОҶИКИСТОН МАРДУМИ ЧИНРО ТАБРИК НАМУД

Декабрь 31, 2009 10:00

                 Душанбе, 31 декабр. (АМИТ «Ховар», Наталя Михайлова). — Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин мардуми ин мамлакат, дӯстон, ҳамкасбон ва шарикони Тоҷикистонро ба муносибати иди Соли нав табрик намуд. Дар табрикномаи сафорат аз ҷумла гуфта мешавад:                  «Ҷанобон ва хонумҳои мӯҳтарам, дӯстони арҷманди Тоҷикистон!                    Ҳамаи шуморо ба муносибати Соли нави 2010 самимона табрик менамоем. Соли нави 2010 аз рӯи тақвими шарқӣ соли Паланг мебошад. Мувофиқи он дар Соли нав дигаргуниҳои ғайричашмдошт ва мусбатро интизор шудан мумкин аст. Дар Соли нав истеъдодҳои нуҳуфта бедор шуда, одамон ба комёбиҳои нав ноил мегарданд. Шубҳае нест, ки муносибатҳои дӯстона, ҳусни ҳамҷаворӣ ва ҳамкорию равобити доманадори Тоҷикистону Чин дар соли нав бештар ривоҷ хоҳанд ёфт.                   Мо дар Соли нав ба ҳамаи дӯстони Тоҷикистон саломатӣ, барор кор, хушбахтӣ, рӯҳияи идона ва муваффақиятҳои беназир орзумандем».

Декабрь 31, 2009 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст