САЛОМНОМАИ ОИЛА

Декабрь 23, 2009 17:08

                    Мӯъминобод, 23 декабр. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов). — Шуъбаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳияи Мӯъминобод бахшида ба 1310 солагии бузургдошти Имоми Аъзам озмуни « Саломномаи оила» гузаронид. Шарифамоҳ Мирзоева, мудири шӯъба вобаста ба ин мавзӯъ гуфт, ки дар ин чорабинӣ 6 нафар навхонадорон ба шаҳодатномаи никоҳ ва тӯҳфаҳои хотиравӣ , 20 нафар кӯдак ба шаҳодатномаи таваллуд бо таври ройгон , ба 10 нафар пиронсолони рӯзғордида туҳфаҳои хотиравӣ аз тарафи намояндагони ҳукумати ноҳия ва аъзои ҳакамони вилояти Хатлон тақдим гардиданд. Ба гуфтаи ин манбаъ сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар аввал расмӣ гузаронида намешуд, баъди ҷо ба ҷо шудани қонуни расму оинҳо ин амал расми гузаронида мешавад. Мавриди зикр аст, ки шӯъбаи мазкур дар давоми 11 моҳи соли ҷорӣ 1346 ақди никоҳ, 1589 таваллуд, 246 вафот ва 26 нафар дар асоси ҳалномаи суд азнавбарқароркунӣ ба қайд гирифтааст. Гуфта мешавад, шуъбаи сабти ҳолати шахрвандии ноҳия дар якҷояги бо кумитаи занон ва оилаи ноҳия соле як маротиба «Рӯзҳои иди оила» мегузаронанд.

Декабрь 23, 2009 17:08

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад