СЕМИНАР- МАШВАРТИ «OXFAM» ДАР КӮЛОБ

Декабрь 23, 2009 17:17

                   Кӯлоб, 23 декабр. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов). — Дар толори маҷлисгоҳи китобхонаи ба номи Садриддин Айнии ш.Кӯлоб аз тарафи Филиали Ташкилоти Ҷамъиятии «Ҳамкори баҳри тараққиёт» семинар-машварат дар мавзӯи «Шаҳодатномакунонии тухмиҳои маҳаллӣ» доир гардид. Дар семинар намояндагони раёсатҳои кишоварзии минтақаи Кӯлоб ва намояндагони вилояти Хатлон ширкат варзиданд. Мақсад аз гузаронидани семинар ин фаровон намудани тухмиҳои сабзавоти ва тараққи додани рушди соҳаи тухмипарварӣ дар вилояти Хатлон мебошад. Хуршед Намозов роҳбари, ФТҶ-и «Ҳамкори баҳри тараққиёт» — и дар вилояти Хатлон буда дар рафти семинар изҳор дошт, ки назорати навъи тухмӣ бо мақсади таъмини риояи қонунгузории ҶТ дар тухмипарварӣ ва санадҳои дар асоси он қабулгардидаи мақоми ваколатдори давлатии идораи кишоварзӣ ва хоҷагии ҷангал, инчунин риояи талаботи стандартҳои давлатӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мебошад. Инчунин зикр кард, ки сертификатсияи тухмӣ ва назорати тухми нисбати киштҳо ва тухмии мансуби шахсони воқеи ё ҳуқуқие анҷом дода мешавад, ки дар соҳаи тухмипарвари фаъолият доранд. Ба гуфти Намозов асоси тухмипарвари ба монанди: — бехмеваи пиёз, сабзӣ, турб, шалғам, меваи помидор, каду, тарбуз, бодиринг ва дигар навъҳои сабзавот аз сифати асосии тухмӣ вобастагӣ дошта айни ҳол ин соҳа дар ноҳияҳои куҳистон ба роҳ монда шудааст , ки байни хоҷагиҳои тухмипарвар дар ин самт мусобиқаи «Кӣ ғолиб» рафта истодааст. Мавриди зикр аст, ки дар доираи ин мавзӯъ роҳбарони раёсатҳои кишоварзии минтақаи Кӯлоб бо ҳамдигар саволу ҷавоб намуда, фикру ақидаи худро баҳри рушди тухмипарварӣ пешниҳод карданд. Гуфта мешавад чунин семинар- машварат соли ҷори байни роҳбарони кули раёсатҳо 3 маротиба гузаронида шуда, аз тарафи намояндагии « Аврупо» ва ташкилоти «ОКС-ФАМ »- и Бритониёи Кабир маблағгузори гардидааст.  

Декабрь 23, 2009 17:17

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад