ТӮҲФАИ СОЛИНАВӢ БА ЯТИМОНУ КАМБИЗОАТОН
Душанбе, 23 декабр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба гуфти директори генералии фонди хайрияи «Сарпараст» Маҳмудҷон Муродов, дар арафаи соли нав дар маҷмааи «Кохи Ваҳдат» ва бинои филармонияи давлатӣ зери сарпарастии фонди мазкур барои 5 ҳазор нафар тарбиятгирандагони мактаб – интернатҳо, ятимон ва фарзандони оилаҳои камбизоат намоиши солинавӣ доир карда мешавад. Дар ин намоиш худи хонандагон бо рақсу суруд ва шӯхию бозиҳои дигари солинавӣ ширкат варзида, соҳиби тӯҳфаҳои солинавӣ хоҳанд шуд. Фонди хайрияи «Сарпараст» барои иштирокчиёни арчаи солинавӣ 10 ҳазор тӯҳфа тайёр намудааст, ки ҳамаи он дар ин ҷамъомади солинавӣ ба бачагон супорида мешаванд.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






