ТАБРИКНОМАИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ИДМ
Душанбе, 31 декабр. (АМИТ «Ховар», Наталя Михайлова). — Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба муносибати иди Соли нав сарони ҳамаи давлатҳои ИДМ – ро табрик намуд. Дар барқияи ба унвони Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон фиристодашуда гуфта мешавад, ки соли 2010 дар қаламрави Иттиҳод Соли илм ва навигариҳои илмию техникӣ, Соли бузургдошти ветеранҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ эълон шудааст. Соли 2010 раёсати ИДМ — ро Федератсияи Русия ба зимма гирифтааст. Ин мамлакат барномаи рушду таҳкими минбаъдаи ИДМ – ро ҳамчун созмони байналхалқӣ ва минтақавӣ, афзун гардондани обрӯю эътибор ва нуфузи он ва идомаи амалӣ сохтани тадбирҳои солҳои гузашта ба нақша гирифташударо амалӣ месозад. Федератсияи Русия ва ҳамаи давлатҳои дигари аъзои Иттиҳод дар ҳамаи самтҳои муҳимтарини ҳамкории ҳамаҷониба самарабахш кор карда, ба иҷрои нақшаҳои дар доираи ИДМ қабулгардида ва таҳияю амалӣ сохтани нақшаҳо, созишномаҳо, барномаҳо ва қарордодҳои нав самарабахш ҳамкорӣ мекунанд. Бигузор соли 2010 барои ҳамаи давлатҳои ИДМ соли амалӣ гардидани ҳамаи нақшаю андешаҳо, соли фаъолияти самарабахш ва муваффақиятҳои нав ба нав гардад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






