ТАНЗИМИ ҲУҚУҚИИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ

Декабрь 14, 2009 10:58

                  Душанбе, 14 декабр. (АМИТ «Ховар», Наталя Михайлова). — Имрӯз дар толори бинои Иттифоқи журналистони Тоҷикистон бо ташаббуси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, Ассотсиатсия миллии васоити ахбори оммаи мустақили Точикистон, Ассотсиатсияи воситаҳои ахбори оммаи мустақили электронӣ дар ҳамкорӣ бо Идораи САҲА мизи мудаввар дар мавзӯи «Дастрасӣ ба иттилоот — кафили шаффофият ва ҳисобот» баргузор мегардад.                  Иштирокдорони мизи мудаввар ҷиҳатҳои ҳуқуқӣ ва амалии дастрасӣ ба иттилоотро дар партави Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 октябри соли ҷорӣ «Оид ба тартиби ҷуброн намудани хароҷоте, ки бо пешниҳод намудани иттилоот ба мақомоту ташкилотҳо алоқаманд аст», баррасӣ мекунанд.                  Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ба ин чорабинӣ намояндагони вазоратҳо, идораву ташкилотҳо, роҳбарони ВАО ватаниву хориҷӣ, сафоратхонаҳо ва дигар созмонҳои байналмилиалӣ даъват шудаанд.

Декабрь 14, 2009 10:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад