ТАШРИФИ ҲАЙАТИ ЭРОН БА ДУШАНБЕ
Душанбе, 29 декабр. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова). – Муншии умумии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон Зафар Муҳаббатов имрӯз бо ҳайати Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Эрон таҳти роҳбарии Ҳусайни Розӣ мулоқот кард. Зимни мулоқот нақшаҳои ҳамкории дуҷониба муҳокима шуданд. З.Муҳаббатов ба меҳмонон пешниҳод кард, ки ба маҳалҳо рафта бо фаъолияти шӯъбаҳои ҷамъият шинос гардида, нақшаҳои ҳамкориро муайян намоянд. Соли гузашта зимни сафари З.Муҳаббатов ба Эрон дар бораи кушодани як шифохона дар Душанбе мувофиқа карда шуда буд. Акнун намояндагони ҷамъиятҳои Ҳилоли Аҳмари ҳар ду кишвар паймон карданд, ки таҷрибаи ҳамдигарро омӯхта, ба такмили ихтисоси хоҳарони шафқат кӯмак расонда, дар Тоҷикистон истироҳатгоҳҳо ташкил кунанд. Сафари меҳмонони эронӣ дар Тоҷикистон то 4 январ давом мекунад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст






