ТОҶИКИСТОН ЧАНД НАФАҚАХӮР ДОРАД ?
Душанбе, 21 декабр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Аз рӯи маълумоти Кумитаи давлатии омори ҷумҳурӣ, дар давоми 11 моҳи соли равон дар саросари мамлакат ба маблағи бештар аз 471,4 миллион сомонӣ пули нафақа ва ёрдампулиҳо пардохта шудааст. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар ин давра бо назардошти маблағи боқимондаи аввали соли равон барои додани нафақа ва ёрдампулиҳо бештар аз 476 миллион сомонӣ ҷудо кардааст. Аз рӯи маълумоти расмӣ, дар мамлакат то 1 декабри соли 2009 – ум 517 ҳазору 462 шахси нафақахӯр зиндагӣ мекунад. Бояд гуфт, ки нафақахӯрони коргар ба ин ҳисоб дохил намешаванд.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






