ҒАЛАБАИ ҲИЗБИ МУХОЛИФ ДАР ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТИ ХОРВАТИЯ
Загреб, 11 январ. (АМИТ «Ховар» — РБК.ру). — Комиссияи давлатии интихоботи Хорватия натиҷаҳои пешакии даври дуюми интихоботи Президенти мамлакатро интишор дод. Дар даври дуюми интихобот номзади Ҳизби сотсиал – демократи Хорватия Иво Йосипович ба 64,6 фоизи овози интихобкунандагон соҳиб гардида, ғалаба ба даст овард. Ба тарафдории ҳарифи асосии ӯ — раиси собиқи шаҳри Загреб Милан Бандич ҳамагӣ 35,4 фоизи интихобкунандагон овоз доданд. Хабар дода мешавад, ки дар даври аввали интихобот низ Йосипович ба қисми зиёди овози интихобкунандагон соҳиб гардида буд. Қайд кардан лозим аст, барномаи фаъолияти ҳар ду номзад аз ҳамдигар фарқи калон надорад. Иво Йосипович бештар ба тарафи ғарб майл дорад. Вай зикр намуд, ки Хорватия таҳти роҳбарии ӯ ба ҳамаи созмонҳои байналхалқию минтақавии Аврупо ва Атлантика ҳамроҳ хоҳад шуд. Мӯҳлати ваколати президенти ҳозираи Хорватия Степан Месич моҳи феврал ба охир мерасад. И.Йосипович соли 1957 таваллуд шуда, факултаи ҳуқуқи Донишгоҳи Загреб ва Академияи мусиқии Хорватияро хатм кардааст. Унвони илмии доктори илми ҳуқуқ дошта, мутриби касбӣ мебошад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






