ҒАЛАБАИ ҲИЗБИ МУХОЛИФ ДАР ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТИ ХОРВАТИЯ

Январь 11, 2010 11:28

                 Загреб, 11 январ. (АМИТ «Ховар» — РБК.ру). — Комиссияи давлатии интихоботи Хорватия натиҷаҳои пешакии даври дуюми интихоботи Президенти мамлакатро интишор дод.                 Дар даври дуюми интихобот номзади Ҳизби сотсиал – демократи Хорватия Иво Йосипович ба 64,6 фоизи овози интихобкунандагон соҳиб гардида, ғалаба ба даст овард. Ба тарафдории ҳарифи асосии ӯ — раиси собиқи шаҳри Загреб Милан Бандич ҳамагӣ 35,4 фоизи интихобкунандагон овоз доданд.                  Хабар дода мешавад, ки дар даври аввали интихобот низ Йосипович ба қисми зиёди овози интихобкунандагон соҳиб гардида буд.                   Қайд кардан лозим аст, барномаи фаъолияти ҳар ду номзад аз ҳамдигар фарқи калон надорад.                   Иво Йосипович бештар ба тарафи ғарб майл дорад. Вай зикр намуд, ки Хорватия таҳти роҳбарии ӯ ба ҳамаи созмонҳои байналхалқию минтақавии Аврупо ва Атлантика ҳамроҳ хоҳад шуд.                    Мӯҳлати ваколати президенти ҳозираи Хорватия Степан Месич моҳи феврал ба охир мерасад.                   И.Йосипович соли 1957 таваллуд шуда, факултаи ҳуқуқи Донишгоҳи Загреб ва Академияи мусиқии Хорватияро хатм кардааст. Унвони илмии доктори илми ҳуқуқ дошта, мутриби касбӣ мебошад. 

Январь 11, 2010 11:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид