ҲИФЗИ МУҲИТИ ЗИСТ ВА МАҚОМОТИ МАҲАЛЛӢ

Январь 22, 2010 09:52

                 Душанбе, 22 январ. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Санҷишҳои Кумитаи ҳифзи муҳити зист вобаста ба ҳифзи замин ва тозагии атроф дар маҳаллаҳои аҳолинишин нишон дод, ки партовҳо асоси ифлоскунии обу замин дар аксари шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ мебошанд.                     То ташкили комиссияи босалоҳияти Кумитаи ҳифзи муҳити зист дар ҳамбастагӣ бо намояндагони мақомоти маҳаллиии ҳокимияти давлатӣ, партовҳои шаҳри Қӯрғонтеппа, шаҳраки Шарораи ноҳияи Ҳисор ва Ганҷинаи ноҳияи Рӯдакӣ на ба партовгоҳҳо, балки дар ҳар ҷои рост омада, партофта шудаанд, ки он боиси сар задани ҳар гуна бемориҳои сироятӣ дар ин маҳаллаҳои аҳолинишин гардида буд,- иброз дошт раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист Хурсандмурод Зикиров ба мухбири АМИТ «Ховар».                    Дар натиҷаи андешидани чораҳои фаврии Кумита, партовҳои шаҳри Қӯрғонтеппа ба партовгоҳи шаҳри Сарбанд ва партовҳои Шарораю Ганҷина дар нуқтаҳои муваққатии махсуси барои партовгоҳҳо сохташуда, партофта мешаванд. —                  Боиси таассуф аст, ки қариб дар тамоми марказҳои шаҳраку деҳот нуқтаҳои муваққатии партовҳо вуҷуд надорад, ки бозгӯ аз хунукназарии роҳбарони мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ба муҳити атроф аст, — гуфт раиси Кумита. 

Январь 22, 2010 09:52

Хабарҳои дигари ин бахш

29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад