ҲУЗУРИ ЗАНОН ДАР ИНТИХОБОТИ ПАРЛУМОНӢ
Душанбе, 11 январ.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Дар шаҳри Душанбе бо ибтикори нашрияи «Миллат» дар мавзӯи «Ҳузури занон дар интихоботи парлумонӣ» сӯҳбати мизи мудаввар доир гардид, ки дар он роҳбарону намояндагони ҳизбҳои сиёсии кишвар, бонувони коршиноси масоили сиёсӣ ва рӯзноманигорон ширкат доштанд. «Алҳол дар Тоҷикистон 4 ҳазору 500 нафар занон дар вазифаҳои роҳбарикунанда дар сатҳи давлат фаъолият доранд», гуфт иҷрокунандаи вазифаи сардабири нашрияи «Миллат» Зойири Давлат. Аз ҷумла, 3 нафар зан дар Маҷлиси миллӣ, 11 нафар дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ, 16 нафар зан дар Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҷумҳурӣ, фаъолият доранд. Инчунин, раисони 4 шаҳру ноҳияро занон ташкил намуда, 67 нафар зан муовинони раисони шаҳру ноҳияҳо ва вазорату кумитаҳо мебошанд. Теъдоди занҳои вакил дар Маҷлисҳои маҳалии шаҳру вилоят ва ноҳияҳои кишвар 114 нафарро ташкил медиҳад. Зикр шуд, ки 10 сол муқаддам Фармони Президенти ҷумҳурӣ дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақом ва нақши зан дар ҷомеа ба имзо расид. Ин санад агар аз лиҳози шумора амалӣ гардида бошад, аз ҷиҳати фаъолгардонидани нақши занон дар ҷомеа суст ҷараён дорад. Зеро масъала сари фаъолнокӣ ва нақши занон дар ҷомеа меравад, на дар шумораи онҳо. Назар ба андешаи коршиноси масоили сиёсӣ Ойниҳол Бобоназарова дар замони шӯравӣ занҳое, ки фаҳмиши сиёсӣ надоштанд ба зинаи мансаб ва сарварӣ роҳ дода намешудан. Агар мо бихоҳем воқеъан ҳам ҷомеаи шаҳрвандӣ бисозем бояд ҳуқуқу манфиатҳои занонро дар ҷомеа ҳимоя созем ва барои беҳдошти вазъи иҷтимоӣ ва ҷаҳонбинию фаҳмиши занони тоҷик шароити мусоиди иқтисодию иҷтимоиро фароҳам бисозем ва нақши онҳоро дар тарбияи кӯдак ва муҳити хонаводагӣ фаъол гардонем, афзуд О. Бобоназарова. Мавсуф, гуфт, ки ҳузури зан-модар дар парлумони кишвар ба ҳайси вакил бояд ба ҳифзи ҳуқуқҳои ҷомеа, бахусус дастгирии ҳуқуқии занон ва дигар манфиатҳои миллӣ равона карда шавад. Ба андешаи О. Бобоназарова имкониятҳое, ки имрӯз бонувони вакил дар парлумони кишвар доранд, истифода намекунанд. Дар сӯҳбати мизи мудаввар ҳамзамон роҳбарону намояндагони аҳзоби сиёсии кишвар ва дигар коршиносон роҷеъ ба ҳузури занон дар парлумон ва интихоботи кишвар, баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, истифодаи таҷрибаи кишварҳои пешрафта табодули назар карданд.








Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид
ОҒОЗИ МАВСИМИ НИҲОЛШИНОНӢ. Дар вилояти Хатлон 600 ҳазор бех дарахти ороишию сояафкан шинонида мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Бахшида ба 31-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Москва ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025» натиҷагирӣ карда шуд






