ҲУЗУРИ ЗАНОН ДАР ИНТИХОБОТИ ПАРЛУМОНӢ

Январь 11, 2010 17:01

                   Душанбе, 11 январ.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Дар шаҳри Душанбе бо ибтикори нашрияи «Миллат» дар мавзӯи «Ҳузури занон дар интихоботи парлумонӣ» сӯҳбати мизи мудаввар доир гардид, ки дар он роҳбарону намояндагони ҳизбҳои сиёсии кишвар, бонувони коршиноси масоили сиёсӣ ва рӯзноманигорон ширкат доштанд.                     «Алҳол дар Тоҷикистон 4 ҳазору 500 нафар занон дар вазифаҳои роҳбарикунанда дар сатҳи давлат фаъолият доранд», гуфт иҷрокунандаи вазифаи сардабири нашрияи «Миллат» Зойири Давлат. Аз ҷумла, 3 нафар зан дар Маҷлиси миллӣ, 11 нафар дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ, 16 нафар зан дар Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҷумҳурӣ, фаъолият доранд. Инчунин, раисони 4 шаҳру ноҳияро занон ташкил намуда, 67 нафар зан муовинони раисони шаҳру ноҳияҳо ва вазорату кумитаҳо мебошанд. Теъдоди занҳои вакил дар Маҷлисҳои маҳалии шаҳру вилоят ва ноҳияҳои кишвар 114 нафарро ташкил медиҳад. Зикр шуд, ки 10 сол муқаддам Фармони Президенти ҷумҳурӣ дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақом ва нақши зан дар ҷомеа ба имзо расид. Ин санад агар аз лиҳози шумора амалӣ гардида бошад, аз ҷиҳати фаъолгардонидани нақши занон дар ҷомеа суст ҷараён дорад. Зеро масъала сари фаъолнокӣ ва нақши занон дар ҷомеа меравад, на дар шумораи онҳо. Назар ба андешаи коршиноси масоили сиёсӣ Ойниҳол Бобоназарова дар замони шӯравӣ занҳое, ки фаҳмиши сиёсӣ надоштанд ба зинаи мансаб ва сарварӣ роҳ дода намешудан. Агар мо бихоҳем воқеъан ҳам ҷомеаи шаҳрвандӣ бисозем бояд ҳуқуқу манфиатҳои занонро дар ҷомеа ҳимоя созем ва барои беҳдошти вазъи иҷтимоӣ ва ҷаҳонбинию фаҳмиши занони тоҷик шароити мусоиди иқтисодию иҷтимоиро фароҳам бисозем ва нақши онҳоро дар тарбияи кӯдак ва муҳити хонаводагӣ фаъол гардонем, афзуд О. Бобоназарова. Мавсуф, гуфт, ки ҳузури зан-модар дар парлумони кишвар ба ҳайси вакил бояд ба ҳифзи ҳуқуқҳои ҷомеа, бахусус дастгирии ҳуқуқии занон ва дигар манфиатҳои миллӣ равона карда шавад. Ба андешаи О. Бобоназарова имкониятҳое, ки имрӯз бонувони вакил дар парлумони кишвар доранд, истифода намекунанд.                    Дар сӯҳбати мизи мудаввар ҳамзамон роҳбарону намояндагони аҳзоби сиёсии кишвар ва дигар коршиносон роҷеъ ба ҳузури занон дар парлумон ва интихоботи кишвар, баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, истифодаи таҷрибаи кишварҳои пешрафта табодули назар карданд.

Январь 11, 2010 17:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад