ҶАЛАСАИ КОРӢ БАРГУЗОР ГАРДИД

Январь 23, 2010 11:42

                Душанбе, 23 январ (АМИТ «Ховар», Акрам Ҳаитов) — Дар бинои Маркази равобити пойтахт бо иштироки муовини Сарвазири мамлакат Руқия Қурбонова, роҳбарону мутассадиёни раёсатҳо ва шӯъбаҳо, хадамоти гуногуни шаҳрдорӣ, фаъолони мақомоти маҳаллии иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе таҳти роҳбарии Маҳмадсаид Убайдуллоев ҷаласаи корӣ баргузор карда шуд.                 М.Убайдуллоев дар суханронии худ аз фаъолияти ғайри қаноатбахши сохторҳои тандурустии шаҳр сухан ронда, онҳоро зери тозиёнаи танқид гирифт. Чунончӣ, қайд карда шуд, ки табибону кормандони соҳаи тиб дар беморхонаву дармонгоҳ ва таваллудхонаҳо аз ҳамаи беморон пул талаб карда, танҳо ба ивази маблағи муайян ба дармондагон хизмат мерасонанд. Ҳол он ки бо дастгирии мақомоти маҳаллии иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба кормандони соҳаи тибби шаҳри Душанбе имтиёзҳои гуногун дода шуда бо дастгирии созмонҳои кӯмакрасон онҳо ба дорувории бепул таъмин карда мешаванд. Гузашта аз ин аз маблағҳои буҷавии ба соҳаи тандурустии шаҳр ҷудо шуда 600 ҳазор сомонӣ ғайримақсаднок истифода   шудаанд.   

Январь 23, 2010 11:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд