ҶАМЪБАСТИ НАТИҶАҲО

Январь 13, 2010 16:42

                   Душанбе, 13 январ. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). — Имрӯз таҳти раёсати Президенти Академияи илмҳои ҷумҳурӣ Мамадшо Илолов дар маркази ҷумҳуриявии матбуот бо иштироки роҳбарону намояндагони муассисаҳои илмӣ, олимон ва хабарнигорони маҳаллию хориҷӣ нишасти матбуотӣ баргузор гардид.                     Мамадшо Илолов нишасти матбуотиро кушода, дар бораи натиҷаҳои фаъолияти Академияи илмҳо дар соли 2009 ва нақшаҳои фаъолияти он дар давоми солҳои оянда сухан ронд. Аз ҷумла, қайд карда шуд, ки бо ташаббуси Академияи илмҳо соли гузашта бахшида ба Соли бузургдоши Имоми Аъзам ва роҳу усулҳои истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи қувваи барқ дар Осиёи Марказӣ якчанд ҷамъомадҳои илмӣ гузаронида шуд.                       Олимони академия дар мавзӯъҳои гуногун тавсияҳои худро барои истифода дар истеҳсолот пешниҳод намуданд. Аз ҷумла, олимони Пажӯхишгоҳи геология пешниҳод карданд, ки барои истеҳсоли хокаи бентонит корхонаҳои хурд кушода шаванд. Хокаи бентонитро барои тоза кардани машрубот истифода бурдан мумкин аст. Олимони Пажӯҳишгоҳи физика дар ноҳияҳои Шӯрообод, Ховалинг ва Мӯъминобод 4 дастгоҳи биогаз ва 4 нерӯгоҳи шамолии ҳосил кардани қувваи барқ насб карданд. Олимони пажӯҳишгоҳи физиология ва генетикаи растаниҳо тухмии нави серҳосили картошкаро барои озмоиш ба хоҷагиҳои ноҳияҳои Истаравшан, Мӯъминобод ва Ваҳдат супориданд. Дар Пажӯҳишгоҳи биологии Помир тухми нави хушсифат ва серҳосили гандуми навъҳои «Сафедак», «Сафедаки бартангӣ» ва «Содерас» ба даст оварда шуд.                   Кормандони Пажӯҳишгоҳи проблемаҳои об захираи обу энергетикаи ҳавзаи дарёи Сирро таҳқиқ намуда, барои бартараф сохтани проблемаҳои истифодаи об дар минтақа тавсияҳо пешниҳод намуданд.                    М.Илолов зикр кард, ки соли гузашта дар академия 64 рисолаи илмӣ, аз ҷумла 13 рисолаи докторӣ ва 51 рисолаи номзадӣ ҳимоя карда шуд. Кормандони академия муроҷиатномаи Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмонро дар бораи тезонидани суръати сохтмони НБО «Роғун» якдилона дастгирӣ намуда, ба маблағи бештар аз 200 ҳазор сомонӣ саҳмияҳои нерӯгоҳро хариданд, гуфт дар хотима М.Илолов.

Январь 13, 2010 16:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Суғд ғолибони даври вилоятии озмунҳои ҷумҳуриявӣ муайян гардиданд
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор боқӣ мемонад
Дар Ҳисор дар мавзуи муқовимат ба коррупсия конфронси илмӣ доир гардид
Ҷалби ташкилоти хориҷӣ ба Форуми байналмилалии «Dushanbe Invest 2025» баррасӣ гардид
«МегаФон Life»: осонтар, зудтар ва муносибтар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда шуда, сар задани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест
Беш аз 50 хонаводаи маҳаллаи Деҳқонободи ноҳияи Мастчоҳ бо оби нӯшокӣ таъмин мегарданд
Лоиҳаи Харитаи роҳ доир ба татбиқи ташаббусҳо дар самти «Ояндабинии Осиёи Марказӣ– 2050» муаррифӣ шуд
Дар ноҳияи Ашт соҳилҳои рӯди маҳаллӣ мустаҳкам карда мешаванд
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар Суғд ҷаласаи сайёри Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон сар задани селҳои пиряхӣ дар назар аст