ҶАМЪИЯТИ МАТЛУБОТ МАҲСУЛОТИ ЗАХИРАВИРО БА ФУРӮШ БАРОВАРД

Январь 11, 2010 17:06

                   Кӯлоб, 11 январ (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов). -Ҷамъияти матлуботи шаҳри Кӯлоб маҳсулоти захиравиро ба фурӯш баровард. Раиси ҷамъияти мазкур Мурод Назаров вобаста ба ин мавзӯъ гуфт, ки маҳсулотҳо аз 190 тонна ангишт, 58 тонна пиёз, 60 тонна картошка, 15 тонна ғаладонагӣ, 10 тонна мевагӣ ва маводҳои дигари хӯрока иборат буда, бо нархи нисбатан арзон дар мағозаҳои ҷамъияти матлуботи шаҳр пешкаши мизоҷон гардидааст.                     Ба гуфтаи М.Назаров гардиши мол дар давоми як соли сипаригардида беш аз 1 миллион сомониро дар бар мегирад, ки ин нисбат ба нақша зиёд мебошад. Мавриди зикр аст, ки кормандони ҷамъияти матлубот муроҷиатномаи Сарвари давлатро дастгирӣ карда, ба сохтмони НОБ — и Роғун якрӯза маоши кории худро ҳамчун хайрия ирсол намуда, ба маблағи 15 000 сомонӣ саҳмияҳои нерӯгоҳро харидорӣ карданд. 

Январь 11, 2010 17:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд