ҶИНОЯТКОРӢ МЕАФЗОЯД

Январь 14, 2010 11:40

                     Хоруғ, 14 январ. (АМИТ «Ховар», Л. Додо).- Ҷаласаи ҷамъбастии фаъолияти фаврӣ-хизматии Раёсати корҳои дохилии ВМКБ дар ҳузури муовини вазири корҳои дохилиии Ҷумҳурии Тоҷикистон полковники милиса Фарҳодбек Шодмонов доир гардид.                      Сардори РКД-и ВМКБ полковники милиса Абдулло Навҷувонов зимни ахборот қайд намуд, ки соли 2009-ум дар ҳудуди вилоят 395 ҷиноят ба қайд гирифта шуданд, ки ин нисбати соли 2008 зиёд мебошад. Фоизи кушодашавии ҷиноятҳо 84 фоизро ташкил дод, ки ин нисбат ба соли 2008 5,2 дар сад камтар аст. Дар самти куфтукови ҷиноятӣ дар ҳудуди вилоят 250 адад ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки ин нисбати соли 2008 зиёд аст.                          Ҳамчунин аз тарафи кормандони мақомоти корҳои дохилӣ оид ба мубориза алайҳи муомилоти ғайриқонунӣ 5964 литр нӯшокиҳои спиртии пастсифат ва беҳуҷҷати тасдиқшуда аз муомилот бардошта шуд. Садамаҳои нақлиётӣ 48 ададро ташкил дода, дар натиҷаи онҳо 35 нафар ҳалок ва 59 нафар ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардоштанд.                        Кормандони Раёсати корҳои дохилии вилоят баҳри дар амал татбиқ намудани Фармони Президенти мамлакат оид ба халъи силоҳ соли 2009 110 адад яроқи оташфишони гуногунтамға, ки аз онҳо 24 адад автомати Калашников, 10 тапонча, 37 адад яроқи суфтамил ва 39 адад силоҳҳои гуногун мусодира намуданд.                        Яке аз самтҳои асосии кори Раёсат- ин мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ба ҳисоб меравад ва дар ин самт 20 далели ғайриқонунӣ нигоҳ доштани маводи мухаддир ошкор гардида, ба миқдори 31 килограмм, 477 грамм маводи нашъадор дарёфт ва мусодира карда шуд.                        Дар ҷаласаи ҷамъбастӣ муовинии вазири корҳои дохилии ҶТ, полковники милиса Фарҳодбек Шодмонбеков аз бурду бохти РКД-и вилоят сухан намуда, баҳри дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои дар наздашон гузошташуда муваффақиятҳои корӣ таманно намуд.

Январь 14, 2010 11:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд